Дастури Раҳмон барои таъмини барқ ва захираи маводи ғизоӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо иштироки мақомоти олии кишвар оиди таъмину барқ ва захираи маводи ғизоӣ машварати корӣ баргузор кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо иштироки мақомоти олии кишвар, машварати корӣ баргузор кард ва дар бораи таъмини барқ ва захираи маводи ғизоӣ таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зимни машварати корӣ ба масъулини доир ба омодабошӣ барои зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ бо барқу гармӣ, дастуру супоришҳо додааст.

Тибқи дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар дар машварати корӣмасъалаҳо вобаста ба таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, омодагӣ барои зимистонгузаронӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ омодабошӣ барои зимистонгузаронӣ дастур додааст.

Ҳамзамон раисиҷумҳур барои захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ бо барқу гармӣ, супоришҳо додааст.

Эмомалӣ Раҳмон алоҳида ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дахл кардааст.

Вобаста ба авзои ҷомеа, тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва камобӣ ва камбудҳои ҷиддӣ дар таъмини барқ ба таври кофӣ захира кардан ва истифодаи сарфакоронаи маводи хӯрокворӣ ва худдорӣ намудани аҳолӣ аз маъракаҳои серхароҷот, президент супоришҳои мушаххас додааст.

Бо вуҷуди инки Тоҷикистон мушкили ҷиддӣ дар таъкмин барқи кишвар дорад, аммо ҳоло ҳам даст аз содирот накашидааст ва ин осеби ҷиддӣ ба зиндагии мардум задааст.

маводи ғизоӣтаъмини барқТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment