Нобасомониҳо дар нархҳои маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон

Нархҳои маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон по ба пои нархҳои ҷаҳонӣ меравад ба ҳадде, ки ҳеҷ кас пешгӯӣ карда наметавонад то куҷо хоҳанд расид.

Созмониғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) додаҳои нуҳмоҳаи вазъи қимати маводи ғизоӣ дар ҷаҳонро мунташир кард, ки бино ба онҳо,тайи нуҳ моҳи соли равонқимати маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ба болотарин ҳадди худ расид.

Дар ин раванд, тибқи маълумоти Bloomberg,пойгоҳи ҷаҳонии хабарии иқтисодӣ, болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷаҳон тайи 50 соли ахир баландтарин ба ҳисоб рафта, бориохир соли 1970 – ум иттифоқ афтодааст.

Моҳи сентябри соли 2021, тибқи иттилои FAO, намоя (индекс) – и нархҳои миёнаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷаҳон 130%-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли қаблӣ 32,8% зиёд аст.

Дар сохтори болоравии намояи нархҳои миёнаи маҳсулоти хӯрокворӣ бештар афзоишёбии нархи равғани растанӣ – 61,2%, шакар – 53,5%, ғалладона – 27,3% ва маҳсулоти гӯштӣ – 26,3% ба қайд гирифта шудааст.

Дар пайи ин Тоҷикистон, ҳамчун як узви ҷомиаи ҷаҳонӣ, аз асароти ин гароншавиҳо эмин намонд, балкинарху навои ҳамчунин маҳсулот дар ин кишвар низ дастхуши тағйирот шуда, болоравии онҳо дар моҳҳои оянда низ пешбинӣ мешавад.

Орду гандум

Афзоиши нархи ғалла дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз коҳиш ёфтани зарфиятҳои содиротии Русия ва Қазоқистон аст, ки соли равон ба хушксолӣ ва коҳиши ҳосилнокии зироатҳои ғалладона, қабл аз ҳама гандум мувоҷеҳ шуданд.Ин афзоиш миёни 14 октябри соли 2020ва 2021 аз 41 то 43,3%будааст.

Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ки масъулияти мониторинги 19 номгӯи молу маводи зарурии иҷтимоии кишвар дар дохилу хориҷро ба зимма дорад, нархи гандуми воридотии Қазоқистон, умдатарин содиротгари орд ва гандум (97,2% то 98,4%) ба кишвар, тайи ин муддат қиматҳо аз 240 – 250 ба 305 доллар боло рафтааст.

Имрӯз дар бозорҳои Тоҷикистон як халтаи орди якум то 300 ва дуввум 260 сомонӣ фурӯхта мешавад. Аммо эҳтимоли болоравии нархи фурӯши яклухти як халта орди якум ба 289,07 ва дуюм ба 260,90 сомонӣ пешбинӣ мешавад.

Равған

Тибқи таҳлилҳои FАО нархи равғани растанӣ фақат дар як моҳи гузашта 1,7% ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2020 ҳудуд 60%-ро ташкил додааст. Аммо Русия эълон кардааст, ки аз байни маводи ғизоӣ равғани растанӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ 45 доллар, яъне то 1340-1350 доллар сари тон аз ин кишвар бор мешавад.

Ин ба он маъност, ки моҳи ноябр нархи фурӯши яклухти 1 литри равғани офтобпараст ба 20,95 сомонӣ ва чаканаааш бо назардошти 5%-и болонархӣ ба 22 сомонӣ баробар хоҳад шуд. Моҳи сентябр – октябр як литри он дар фурӯши яклухт 19,76 ва чакана 20,75 сомонӣ буд.Афзоиш дар моҳи ноябр ба 6,02% баробар мешавад.

Ҳамчунин тағйир дар қимати нархи равғани пахтаи ватанӣ хоҳад омад. Ҳоло арзиши аслии 1 литр равғани пахта ба ҳисоби миёна дар коргоҳҳои хурди равғанбарории шаҳри Бохтар (ҳангоми хариди 1 кг пумбадона дар сатҳи 5,90 сомонӣ) ба 20,51 ва 1 кило кунҷораи аз коркарди пунбадона ҳосилгардида ба 4,80 сомонӣ баробар шудааст.

Гӯшту шир – асири хошок

Ин дар шароити феълӣ нигароникунанда аст, зеро аз байни маводи ғизоӣ болоравии нархи кунҷора ба болоравии гӯшти гов дар охирҳои фасли тирамоҳ ва зимистон метавонад боис шавад. Дар як соли охир нархи кунҷора, дар умум, хӯроки чорво – омили асосии ташаккулёбии нархи гӯшт – дар бозорҳои Тоҷикистон то 50 фоиз афзоиш ёфт. Масалан, як дона прес – миёни 40 то 50 сомонӣ шуд.

Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, соли гузашта дар ҳамин давра як кило гӯшти гов 50 ва гӯшти гӯсфанд – 55 сомонӣ буд, ҳоло гӯшти гов 65 ва гӯшти гӯсфанд – 68 сомонӣ аст.

Нархи гӯшт ва маҳсулоти гуштӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки кишварҳои ҳамсоя низ дар ҳолати афзоишёбӣ аст. Ба гунаи мисол, дар Ӯзбекистон гӯшт тайи 10 моҳи соли равон 11% қимат шуд. Дар оғози моҳи октябр як кило гӯшти гов 65 ва гӯшти гӯсфанд то 75 сомонӣ арзиш дошт. Ҳукумати ин кишвар андози арзиши илова (ААИ) барои воридоти гӯштро лағв кард, аммо коҳиш ва фарқият дар нарх ҳамоно миёни 5 – 6 сомонӣ аст.

Бино ба таҳлилҳо, дар хоҷагиҳои Тоҷикистон вақтҳои охир фермерҳо чорворо на барои истеҳсоли гӯшт, балки маҳсулоти ширӣ нигаҳдорӣ мекунанд, зеро парвариши чорвои гуштӣ, қабл аз ҳама, ба хотири идома ёфтани болоравии қимати хӯроки чорво, харҷи зиёдро талаб мекунад.

Бо ин вуҷуд, маҳз баланд гардидани нархи хӯроки чорво сабаби аслии афзоиши нархи ширу маҳсулоти ширӣ аст. Як литри шир аз 5 сомонии моҳи январ ба 7 сомонӣ дар моҳи октябр расидааст ва фарқият 40% аст.

Нархи ғизои кӯдакона низ дар ин давра дар ҳолати тағйирёбӣ буда, 1 қуттӣ навъи “Беби” – 250 грамм аз 25 дар аввали солба 30 сомонии имрӯз баробар шудааст. Тибқи қарордодҳои басташуда барои соли 2022,эҳтимол дорад нархи ин маҳсулоти зарурӣ аз аввали соли 2022 дар бозор то 20,00 % афзоиш ёбад.

Гӯшту тухми мурғ

Сабабҳои асосии афзоишёбии нархи гӯшту тухми мурғ ҳам болоравии нархи хӯроки парранда аст, ки умдатан аз хориҷи кишвар ворид мешавад ва истеҳсоли дохилӣ пурра талаботро таъмин намекунад.

Афзоиши нархи хӯроки паранда дар кишварҳои содироткунандаи он соҳибкорони ҷумҳуриро водор намуд, ки барои руйпӯш намудани хароҷоти пешбурди соҳаи мазкур ва таъмини аҳолӣ ба гӯшту тухми мурғ нархи моли худро баланд бардоранд.

Дар натиҷа, як кило гӯшти мурғ, ки моҳи январи соли равон 25 сомонӣ буд, дар моҳи октябр 35 сомонӣ ё 40% зиёд шуд. Як дона тухм ҳам то1,2 сомонӣ расидааст, ки дар аввали соли ҳудуди як сомонӣ ё 20% кам буд.

Шакар

Тибқи иттилои FАО, нархи шакар дар ин давраи таҳлилӣ 121,2 бандро ташкил додааст, ки дар қиёс бо моҳи сентябр 0,5 ва ҳамин давраи соли гузашта 53,5% афзоиш ёфтааст. Ин ҳам дар пасманзари хушксолӣ дар давлати Бразилия, бузургтарин содиркунандаи шакари ҷаҳон,иттифоқ меафтад, ки коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли шакар дар ин кишвар дар ҳолати суудист.

Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, айни замон арзиши миёнаи 1 тонна шакари воридотӣ– 505, аз ҷумла шакари Ҳиндустон – 473 ва Белорусия – 741 аст.Тибқи ташаккулёбии эҳтимолӣ нархи фурӯши яклухти 1 кило шакар ба ҳисоби миёна то ба 8,07 сомонӣ баробар аст.

Як кило шакар ҳоло дар бозорҳои Тоҷикистон 10 сомонӣ фурӯхта мешавад, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 2,5 сомонӣ ё 33,3% зиёд аст.

Маҳсулоти дохилӣ

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти оморӣ, маҳсулоти дигари аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарур – сабзавот 8,8 (сабзӣ 24,5, карам 9,4), картошка 0,2% нисбат ба моҳи сентябрва нархи помидор 57,2, бодиринг 43,4%, бехпиёз 4,8%, картошка 2,2% ва биринҷ 4,6%дар қиёс бо аввали сол қимат шудаанд.

Дар ин давраи таҳлилӣ нархи маҳсулоти ғалладона, назири наску нахуд низ дар ҳолати афзоиш қарор дошта, агар 18 сентябри соли равон нархи 1 кило наск дар бозорҳои кишвар аз 10,8 то 11 сомонӣ буд, ҳоло аз 11 то 13 сомонӣ ва 1 кило нахуд аз 14 – 20 сомонӣ то 17 – 25 сомонӣ расидааст. Ҳамин вазъро молҳои дигар, назири марҷумак, кашк ва ярмаи ҷав низ доранд.

Аксари инҳо молҳоеанд, ки аслан дар дохили кишвар истеҳсол мешаванд ва боло рафтани қиматҳояшон хусусияти мавсимӣ дорад, аммо ҳамин вазъ ҳам бо болоравии умумии нархҳои маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ҳамхонӣ мекунад.

Танҳо моли зарурӣ чойи сабзу сиёҳ аст, ки комилан аз хориҷа ворид мешавад, аммо нархҳояш то ба ҳол тағйир накарда, аз 25 то 80 сомонӣ сари килоро ташкил медиҳад.

Хуллоса, пешгӯиҳои Созмон кишоварзӣ ва ғизои Созмони МилалиМуттаҳид (FAO) дар бораи болоравии нарху навои озуқаворӣ дар саросари ҷаҳон рӯз ба рӯз таҳаққуқ меёбанд, аммо суоли аслӣ ин аст, ки то куҷо ҳукумати Тоҷикистон барои дур кардани фишори ин вазниниҳо бар шонаҳои мардум барнома дорад? Оё захираҳои давлатӣ то куҷо метавонанд суботи нисбӣ дар бозорро ҳифз кунанд?

Бознашр аз Спутник

гандуммаводи ғизоӣнархи бозорордТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment