Натиҷаи расмии интихобот – пирӯзии Мирзиёев бо касби 80,12%-и овозҳо

Бар асоси эъломияи расмии Комиссияи марказии интихобот дар Узбекистон, Мирзиёев бо касби беш аз 80 дарсади овозҳо президент эътироф шуд.

Комиссияи марказии интихобот натиҷаҳои расмии интихоботи президентии Узбекистонро эълон кард.

Зайниддин Низомхоҷаев, раиси Комиссияи марказии интихобот дар Узбекистон рӯзи ҷумъа гуфт, дар интихоботи президентии рӯзи 24 октябр бо касби 80,12% овозҳо Шавкат Мирзиёев пирӯз шуд.

Низомхоҷаев гуфт, ки Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Узбекистон тасмим гирифт, ки Мирзиёев Шавкат Миромонович пас аз шумориши тамоми бюллетенҳо, 80,12% овозҳоро ба даст оварда, ба мақоми президенти Ҷумҳурии Узбекистон интихобшуда ҳисобида шавад.

Интихоботи президентӣ дар ин кишвар 24 октябр баргузор шуд ва дар маҷмӯъ, дар саросари кишвар беш аз 16 миллион интихобкунанда ва муодили 80,4% дар ин маъракаи сиёсии ва интихобот овоз доданд.

Неъматулло Юдошев, прокурори генералии Узбекистон ва Козимҷон Комилов, раиси Суди олӣ изҳор намудаанд, ки дар бораи қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихобот ба ниҳодҳои онҳо ягон арзу шикоят ё муроҷиате нарасидааст.

Дар кишвар ҳамагӣ 14 ҳавзаи интихоботӣ ва 10 ҳазору 760 қитъаи интихоботӣ ташкил шуд. Дар 107 қитъа дар ҳар кадоме аз ноҳияҳои Узбекистон камераҳои мушоҳидаи видеоӣ насб карда шуданд. Дар портали “Интихобот-2021” бо пахши тугмаи “онлайн-монитоинг” барои мушоҳидаи ҷараёни овоздиҳӣ имкон фароҳам оварда шуда буд.

Қобили зикр аст, ки зиёда аз 21 млн нафар узбекистониҳо, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳуқуқи овоздиҳӣ доштанд. Дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон барои овоздиҳии шаҳрвандон дар маҷмӯъ 54 қитъаи интихоботӣ боз шуд.

Барои курсии раиси давлат панҷ номзад мубориза бурданд. Номзади ҲХДТ Мақсуд Ворисова 6,63%, намояндаи Миллий тикланиш Алишер Қодиров 5,48%, номзади Ҳизби экологӣ Нарзулло Обломмуродов 4,14% ва номзади Адолат Баҳром Абдуҳалимов 3,39% овоз гирифтанд.

Қайд карда мешава, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев ҳам табрикнома ирсол кард ва ҳам занг заду пирӯзияшро дар интихобот табрик гуфт ва дар ин тамоси телефонӣ ба густариши муносиботи тарафайнӣ таъкид гардид.

 

интихоботи президентӣУзбекистонШавкат Мирзиёев
Comments (0)
Add Comment