Иштироки беш аз 80 дарсадӣ дар интихоботи президентии Узбекистон

Беш аз 80 дарсади шаҳрвандон дар интихоботи президентии Узбекистон иштирок доштаанд.

Ба нақл аз хабаргузории Фергана, бар асоси гузоришҳо аз интихоботи президентии Узбекистон аз замони оғози ин маъракаи сиёсӣ то поёни он 80,8% дар он иштирок доштаанд.

Раиси Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар Зайниддин Низомхоҷаев гуфтааст, 80,8% ба 16 млн 036 ҳазору 914 нафар раъйдодагон баробар аст.

Гуфта мешавад, маълумоти ниҳоӣ имрӯз бо назардошти шаҳрвандони дар хориҷи кишвар овоздода маълум карда мешавад.

Интихобот аллакай пас аз се соати боз шудани қитъаҳои интихоботӣ дар кишвар баргузоршуда эътироф гардида, соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ 33% шаҳрвандон овоз доданд.

Прокурори генералии Узбекистон Неъматулло Юдошев ва раиси Судии олӣ Козимҷон Комилов изҳор намудаанд, ки дар бораи қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихобот ба ниҳодҳои онҳо ягон арзу шикоят ё муроҷиате нарасидааст.

Дар кишвар ҳамагӣ 14 ҳавзаи интихоботӣ ва 10 ҳазору 760 қитъаи интихоботӣ ташкил шуд. Дар 107 қитъа дар ҳар кадоме аз ноҳияҳои Узбекистон камераҳои мушоҳидаи видеоӣ насб карда шуданд.

Дар портали “Интихобот-2021” бо пахши тугмаи “онлайн-монитоинг” барои мушоҳидаи ҷараёни овоздиҳӣ имкон фароҳам оварда шуд.

Қобили зикр аст, ки зиёда аз 21 млн нафар узбекистониҳо, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд. Дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон барои овоздиҳии шаҳрвандон дар маҷмӯъ 54 қитъаи интихоботӣ боз шуд.

Шавкат Мирзиёев, президенти феълӣ номзади қавӣ аст ва рақиби сахте ҳам дар ин давра надоштааст ва бо шумумли вай ба мансаби президенти Узбекистон панҷ нафар номзадҳо доваталбӣ мекунанд. Ҷараёни баргузории интихоботро зиёда аз ҳазор нафар нозирони байнулмилалӣ пайгирӣ карданд. Бо таваҷҷӯҳ ба иштирок беш аз 80 дарсадии шаҳрвандони ин кишвар дар интихоботи президентии Узбекистон, нозирони байналмилалӣ ҳам ин интихоботро “баргузоршуда” эътироф кардаанд.

интихоботи президентӣинтихоботи президентии УзбекистонШавкат Мирзиёев
Comments (0)
Add Comment