Ҳузури Башор Асад дар ҷашни вилодати Ҳазрати Муҳаммад (с)

Шаби гузашта маросими ҷашни вилотдати Паёмбари Акрам (с) дар масҷиди Ҷомеи Эмом Шофеии Димишқи Сурия бо ҳузури президенти ин кишвар баргузор шуд.

Башор Асад, президнети Сурия дар маросими ҷашни вилодати Паёмбари Акрам (с) дар масҷиди Димишқ иштирок кард.

Хабаргузории расмии Сурия дар ин бора гузориш дод, ки Башор Асад рӯзи гузашта барои хондани намози мағриб ба масҷиди Эмом Шофеӣ дар минтақаи Алмаззаи Димишқ рафта ва дар маросими динии солрӯзи вилодати Ҳазрати Муҳаммад (с) иштирок кардааст.

Дар ин ҷашн Доктор Муҳаммад Абдуссаттор Ассаййид суханронӣ карда ва аз мафоҳими болои солрӯзи вилодати Паёмбари Акрам (с) ва ба ончи дар зиндагии Эшон гузаштааст ишора кард.

Дар ин ҷашн теъдоде аз олимони динӣ ва мақомоти сиёсӣ ҳам иштирок кардаанд.

Имрӯз 12-уми моҳи арабии “рабиъ” баробар бо 19-уми октябри соли 2021 рӯзи вилодати Паёмбари Акрам, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) аст.

Башор АсадДимишқСурияҲазрати Муҳаммад (с)ҷашн
Comments (0)
Add Comment