Бозгашти пурқудрати “Башор Асад” ба саҳнаи ҷаҳонӣ пас аз шикасти Амрико

Як нашрияи амрикоӣ дар таҳлиле навишта, раиси ҷумҳури Сурия, бо шикаст додани Амрико ба саҳнаи ҷаҳонӣ бозгашта аст.

 

 

Ба гузориши як нашрияи амрикоӣ дар таҳлиле, «бозгашти пурқудрати» Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ба саҳнаи рӯйдодҳои ҷаҳонро барои Амрико, шикаст ва барои мухолифони Вашингтон пирӯзӣ тавсиф карда аст.

Маҷаллаи “Newsweek”, дар титри худ навишта аст: «Башор Асад, ба саҳнаи ҷаҳонӣ бозгашт, ки ин барои Амрико шикаст ва барои душманонаш пирӯзӣ аст».

“Нюзвик”, навишт баровардҳо ҳокӣ аз он ҳастанд, ки дар натиҷаи ҷанги Сурия, ки аз соли 2011 оғоз шуд беш аз 600 ҳазор нафар ҷонашонро бохтаанд ва миллионҳо нафари дигар овора шудаанд то ин ҷанг яке аз маргбортарин ва мухаррибтарин даргириҳои қарни 21 лақаб бигирад.

Ин маҷалла навишта аст: «кишварҳое ки пас аз даргирӣ равобиташонро бо Сурия ва давлати ин кишвар қатъ карданд. Амрико ҳам ба ҳамин сабаб таҳримҳоеро дар соли 2011 алайҳи Сурия таҳрим кард ва сафораташро соли 2012 таътил кард.»

Ҳатто иттиҳодияи Араб, ки созмони асаргузори муташаккил аз кишварҳои ҳамсӯ дар минтақа аст, барои истиқбол аз муъоризони мусаллаҳе ки бо ҳукумати Башор Асад мухолиф буданд дар тирамоҳи 2011 ба Башор Асад пушт кард.

Ба навиштаи Нюзвик, ин роҳбурде буд, ки иттиҳодияи Араб бо мухолифони Либиё ба кор гирифта ва ҷавоб дода буд ва акнун қасд дошт онро алайҳи Сурия ҳам истифода кунад. Ин расона менависад: «ба таври хулоса, Башор Асад ба давлати матруд табдил шуда буд.»

Дар идомаи ин матлаб омада аст: «аммо акнун вориди соли 2021 шудаем ва Башор Асад на танҳо давом овард, балки дар остонаи бозгашти шигифтангез ба саҳнаи ҷаҳонӣ қарор дорад.»

Нюзвик, навишт як даҳа баъд аз ин ҷанг, Башор Асад бо қудрат раҳбарии кишвареро дар даст гирифта аст, ки то андозаи зиёде дар ҳам шикаста ва гузинаҳои андаке ғайр аз ӯ барои раҳбарии ин кишвар дар ихтиёр дорад.

Дар идомаи ин матлаб омада аст: «Башор Асад, бо кӯмаки муттаҳидони деринааш Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия тавонист бахшҳои зиёде аз Сурияро аз дастони шӯришиҳо ва ҷиҳодиҳо такфирӣ, ки қасди азли ӯро доштаанд бозпас бигирад.»

Ин расона навишта аст: «акнун бисёре аз кишварҳое, ки 10 соли пеш бо Сурия қатъи робита карда буданд акнун бо дарки воқеиятҳои ҷадид аз бозгашти Башор Асад, истиқбол мекунанд ва ин алорағми мухолифатҳои идома дори Амрико бо ҳукумати ӯ аст».

АмрикоБашор АсадРусияСурияЭрон
Comments (0)
Add Comment