Боздошти 15 фаластинӣ дар “Каронаи Бохтарӣ”

Низомиёни палиди режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз душанбе бо ҳамла ба "Каронаи Бохтарӣ", 15 нафар аз Фаластиниёнро бидуни тафҳими иттиҳом боздошт карданд.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Аҳд”, иқдомоти хасмонаи саҳюнистҳои кӯдак куш алайҳи Фаластиниён дар арозии ишғолӣ ҳамчунон идома дорад. Низомиёни палиди режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз душанбе ба Каронаи Бохтарӣ ҳамла бурда ва ба сӯрати густарда Фаластиниёнро боздошт карданд.

Бар асоси ин гузориш, расонаҳои фаластинӣ эълом карданд, ки низомиёни саҳюнистӣ дар ҷараёни ҳамла ба Каронаи Бохтарӣ 15 нафар аз Фаластиниёнро боздошт карданд. Дар миёни боздошт шудагон номи чанд асири озод шуда ба чашм мехурд.

Ин дар ҳоле аст, ки чанде пеш утоқи муштараки гурӯҳҳои муқовимати Фаластин дар баёнияе ҷиноятҳои ахири режими палиди саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ ва низ дар Каронаи Бохтариро ба шиддат маҳкум кард. Утоқи муштараки гурӯҳҳои муқовимати Фаластин дар баёнияи худ эълом кард, ки ҳаводиси пай дар пай дар Фаластин ва низ талошҳои мақомоти режими кӯдак куши саҳюнистӣ барои таҳмили шароити ҷадид ба Фаластиниёнро зер назар дорад.

Дар баёнияи мазкӯр хитоб ба режими терористи саҳюнистӣ гуфта шуда аст: ҷиноёти режими хунхори саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин дар ин сатҳи хатарнок, эҷоб мекунад, ки вокунишҳои кубндае ба он нишон диҳем. Табиӣ аст, ки тадовуми ин ҷиноятҳо муҷиб хоҳад шуд то авзоъ беш аз пеш таниш олуд гардад.

Дар ин баёния ҳамчунин омада аст: режими ҷинояткори саҳюнистӣ масъӯли табаот ва пайомадҳои ҷиноёти худ алайҳи Фаластиниён дар Қудс ва Каронаи Бохтарӣ аст. Мо иҷоза наме диҳем, ки саҳюнистҳо ба ҷои пас додани товони ҷиноятҳои гузаштаи худ, акнун ҷиноятҳои ҷадидеро муртакиб шаванд ва дар баробари ҳар ҷинояте ки муртакиб шавад вокуниши тунд ва барқосое анҷом хоҳем дод, ки бидуни шак пушаймон кунанда хоҳад буд.

Каронаи БохтарӣсаҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment