Сармоягузории 2,2 миллиард долларии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Бонки ҷаҳонӣ давоми 28 соли гузашта барои иҷрои 110 тарҳ дар Тоҷикистон 2,2 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.

Дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Анна Биердер, муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ мавзӯи тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд.

Раисҷумҳур аз сормоягузории Бонки ҷаҳонӣ дар қариби 3 даҳаи гузашта барои иҷрои 110 тар дар кишвар ба арзиши 2,2 миллиард доллар ибрози ризоят кардааст.

Бонки ҷаҳонӣ айни ҳол 23 тарҳ бар арзиши 1,2 миллиард долларро дар Тоҷикистон дар дасти иҷро дорад.

Биердер дар рафти ин дидор бо ишора ба вуҷуди зарфиятҳои болои Тоҷикистон барои тавлиду содироти энержии пок ва таҷдидпазир, ба ҳимояти Бонки ҷаҳонӣ аз мушорикати ин кишвар дар иҷрои тарҳи ҷаҳонии тағйироти обу ҳавоӣ таъкид кард.

Зимни мулоқот бо президенти кишвар хонум Анна Биерде инчунин аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсол ва содироти энергияи тоза ва барқароршаванда ёдовар шуда, бори дигар ҷонибдории Бонки ҷаҳониро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намуд.

Дар мулоқот ҳамчунин таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла дастгирии Буҷети давлатӣ ва ҷалби бештари маблағҳои ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҷалб гардид.

Раҳмону Биердер мавзӯи тақвияти густариши ҳамкориҳои дар арсаҳои мухталифи иқтисодӣ ба вижа дар бахши энержӣ табодули афкор намдуанд.

Тарафайн боз дар бораи вазъияти ҳамагирии коронавирус дар Тоҷикистон ва таъсири он ба шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва рафъи паёмадҳои номатлуби ин беморӣ табудули назар карданд.

Раисҷумҳур ва муовини Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди таъсири таҳаввулоти сиёсии Афғонистон ба амнияти иқтисодӣ ва тиҷори минтақа ҳам баҳу гуфтугӯ карданд.

Бонки ҷаҳонӣвазъияти АфғонистонкоронавируссармоягузорӣТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment