Густариши ҳамкориҳо меҳвари мулоқоти мақомоти Узбекистон ва Бонки ҷаҳонӣ

Раиси маҷлиси санои Узбекистон ва муовини Бонки ҷаҳонӣ дар дидоре дар шаҳри Тошканд абъоди авлавиятдори ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Танзила Нарбаева, раиси маҷлиси санои Узбекистон ва Анна Биэрда, муовини Аврупо ва Осиёи Марказии раиси Бонки ҷаҳонӣ дар дидоре дар Тошканд абъоди авлавиятдори ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Тарафайн дар ин дидор дар бораи чигунагӣ ва чашмандози густариши беш аз пеши ҳамкориҳо аз ҷумла дар арсаи ҳимоят аз корофаринии занон дар маконҳои рустоӣ табодули афкор карданд.

Дар рафти ин мулоқот таъкид шуд, ки ҳамкориҳои муассири Узбекистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар арсаи таҳаввулоти бунёдии дар дасти анҷом дар кишвар тӯли солҳои ахир ҷаҳиши тоза пайдо кардааст.

Муовини Аврупо ва Осиёии Марказии раиси Бонки ҷаҳонӣ изҳор дошт: “Узбекистон бо вуҷуди пандемия яке аз кишварҳои ангуштшумори ҷаҳон аст, ки дар он рушди иқтисодӣ мушоҳида мешавад. Узбекистон дар натиҷаи ислоҳоти муассир давоми 5 соли ахир, тавонистааст бо пандемияи КОВИД-19 муқобила кунад ва ҳамчунин барои марҳилаҳои муҳимми баъдии таҳаввулот заминасозӣ кунад. Бонки ҷҳаонӣ аз ин ба баъд ҳам омодаи ҳимоят аз Узбекистон дар ин роҳ аз тариқи иҷрои тарҳҳо ва барномаҳои кумакӣ аст.”

Тарафайн ҳамчунин тарҳҳои авлавиятдори матраҳи Бонки ҷаҳонӣ барои иҷро дар солҳои 2021 ва 2022 дар заминаҳои тавсеаи корофаринӣ дар байни ҷавонону занон ва ҳамчунин тавсеаи корофаринӣ дар маконҳои рустоӣ ва беҳбуди сармояи инсониро баррасӣ карданд. Тарафайн ҳамчунин дигар масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасии худ қарор доданд.

Ҷумҳурии Узбекистон дар соли 1992 ба узвияти Бонки ҷаҳонӣ даромад ва ин бонк аз соли 1995 барои иҷрои тарҳҳо дар заминаҳои хусусисозӣ, рушди бахши молӣ, модерниза кардани кишоварзӣ, электроэнержӣ, беҳбуди зерсохтҳои иҷтимоӣ, беҳдошту омӯзиш ба Узбекистон беш аз як миллиарду 600 миллион доллар вом додааст.

Бонки ҷаҳонӣОсиёи марказӣУзбекистон
Comments (0)
Add Comment