Ҷузъиёти сафари Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе бо сафари расмӣ ба Қазоқистон сафар кардааст.

Бар асоси гузориши манобеи огоҳ, Рустами Эмомалӣ бо ҳамтои қазоқи худ, мири шаҳри Нур-Султон ва намояндагони сенати Қазоқистон вохӯрӣ ва мулоқот доир мекунад.

Раиси шаҳри Душанбе ва ҳамзамон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ дар ҷараёни сафари худ ба Қазоқистон бо мири шаҳри Нур-Султон, Алтай Кулгинов мулоқот хоҳад кард.

Ба иттилои манобеи хабарӣ, раисони шаҳри Душанбе ва Нур-Султон меморандум ба имзо мерасонанд ва ҳамзамон ин ду шаҳр мақоми бародаршаҳрро мегиранд.

Маълум аст, ки вохӯрии Рустами Эмомалӣ бо ҳамтои қазоқаш соати 16:00 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ баргузор мегардад.

Илова бар ин вохӯрию мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар бо намояндагони сетани Қазоқистон низ дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки шаҳрдори шаҳри Душанбе субҳи 23 сентябр бо як ҳайати расмӣ бо ҳайати ҳамроҳи худ вориди кишвари Қазоқистон шудааст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ин сафар раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмиро ба ҳамроҳ доштааст.

Ин саввумин сафари расмии Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба хориҷи кишвар мебошад. Қаблан ӯ ба Русия ва Узбекистон сафар намуда буд. Вай дар сафар ба Русия ҳам бо тане чанд аз мақомот дар Маскав дидор карда буд ва дар арсаҳои мухталифи фарҳангӣ, сиёсӣ муҳоҷират ва дигар мавзӯот мулоқот доир намуд буд. Ӯ дар мулоқот бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия таъкид дошт, ки ҳамкориҳои дӯстона ва шарикии ду кишвари Тоҷикистону Русия имрӯза дар тамоми самтҳои мунтазам дар ҳоли рушд мебошад ва талошҳо барои тавсеаи муносибот идома хоҳад дошт.

ҚазоқистонМаҷлиси миллӣРустами Эмомалӣшаҳрдори Душанбе
Comments (0)
Add Comment