278 тонна кумаки ғизоии Покистон ба Афғонистон

Покистон теъдоди 17 мошини боркаш бо 278 тонна ғизо ба Афғонистон фиристодааст.

Бино ба иттилои geo.tv, ҳукумати Покистон 17 мошини боркаш бо 278 тонна ғизо ба Афғонистон фиристодааст. Мошинҳои хӯрокворӣ тавассути гузаргоҳи марзии Торхам вориди Афғонистон шуданд. Онхо 190 тонна орд, 65 тонна канд, равгани растанй, биринч ва зироатхои лубиёгй доштанд.

Ҳабибуллоҳхон Хаттак, раиси Анҷумани ҳамкории Афғонистону Покистон дар маросими супоридани кумакҳои ғизоӣ гуфт, ҷанги 40-сола дар Афғонистон иқтисод, кишоварзӣ ва зерсохтори маъмурии ин кишварро хароб кард ва аҳолиро дар хатар гузошт.

Раиси анҷуман гуфт: «Афғонистон бо бӯҳрони башардӯстона рӯбарӯ аст ва агар барои пешгирии он чораҳои фаврӣ ва муассир андешида нашаванд, вазъ метавонад ба фалокати башарӣ оварда расонад. Мо мекӯшем, ки ба мардуми Афғонистон на танҳо кӯмаки фаврии башардӯстона дар шакли ғизо, доруворӣ ва ашёи ғайриозуқа расонем, балки ба онҳо кумак кунем, ки ба пойҳои худ бархезанд ва кишвари худро сулҳҷӯёна, устувор ва масъулиятнок дар ҷомеаи ҷаҳонӣ созмон диҳанд.”

Вай қайд кард, ки созмон қаблан ба Ҷумҳурии Афғонистон даҳҳо тонна орд, дигар маводи ғизоӣ ва дору низ фиристода буд.

Дар ин маврид сафири Ҷумҳурии Халқи Чин низ дар шаҳри Кобул бо Халил ал-Раҳмон Ҳаққонӣ мулоқот карда гуфт, ки кумаки молӣ ва тиббии Хитой ҳам расонида мешавад.

Ван Ю, сафири Ҷумҳурии Халқи Чин ибтидо гуфт, ки Чин омода аст бо Афғонистон ҳамкорӣ кунад ва кӯмаки фаврӣ расонад. Вай ваъда дод, ки Чин ба Афғонистон 15 миллион доллар ва 3 миллион вояи воксини коруно мефиристад.

Ҷониби Чин ҳамчунин ба Афғонистон ба маблағи 5 миллион доллар сарулибоси зимистона ва кӯрпаҳои гарм ва ба маблағи 10 миллион доллар маҳсулоти ғизоиро то поинравии ҳарорати ҳаво мефиристад.

Афғонистонмаводи ғизоӣПокистонТолибон
Comments (0)
Add Comment