Зер гирифтани 2 нерӯи полиси саҳюнист дар шимоли Фаластин

Манобеи режими саҳюнист гузориш доданд, ки ду нерӯи полиси ин режим бо мошин зер гирифта шудаанд ва вазъияти онҳо вахим аст.

 

 

Ба гузориши манобеи ибрӣ забон, зуҳри имрӯз (се шанбе), гузориш доданд, ки ду нерӯи полиси режими саҳюнист дар шаҳри “Наҳория” дар шимоли Фаластини ишғолӣ бо мошин зер гирифта шудаанд.

Мутобиқ бо гузориши манобеи саҳюнист, вазъияти яке аз ин ду нафар вахим гузориш шуда аст.

Рӯзномаи ибрӣ забони “Yedioth Ahronoth”, дар ин хусӯс гузориш дод, ки ин иқдом дар як минтақаи соҳилӣ рух дода ва нерӯҳои полис дар наздикии як исти бозрасӣ бо мошин зер гирифта шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, инки чи касоне дар ин иқдом даст доштаанд ва ин иқдом бо чи ангезае сӯрат гирифта, ҳануз мушаххас нашуда ва полиси режими саҳюнистӣ дар ҳоли таҳқиқ дар хусӯси ин ҳодиса аст.

Ин рӯзномаи ибрӣ забон, ҳамчунин гузориш дод, яке аз афроде ки дар ин ҳодиса зер гирифта шуда, беҳуш шуда аст ва ӯро ба суръат ба бемористони Наҳория мунтақил кардаанд.

Канали 12 режими саҳюнистӣ низ гузориш дод афроде, ки дар ин иқдом даст доштаанд, муваффақ ба фирор шуданд ва мошинҳои полиси режими саҳюнистӣ ва як болгард дар ҳоли таъқиби он ҳо ҳастанд.

Дақоиқе пас аз интишори ин гузориш, манобеи саҳюнист хабар доданд, ки ронандаи мошин дар чаҳорроҳи “Шалумӣ” дастгир шуда аст.

Бо онки манобеи саҳюнистӣ мегӯянд ин ҳодиса ҷиноӣ буда, аммо бархе аз расонаҳои ибрӣ забон гузориш доданд, ки ронандаи яке аз шаҳрвандони араби сокини арозии ишғолӣ аст.

Соате баъд, “Yedioth Ahronoth”, гузориш дод яке аз маъмурони полис, ки вазъияти ӯ вахим гузориш шуда буд, ба ҳалокат расида аст.

Манобеи саҳюнистӣ гузориш доданд бо таваҷҷӯҳ ба иттилооти ҷадиде ки дар бораи ин ҳодиса ба даст омада, ҳам акнун таҳқиқот дар бораи ин ҳодиса, ки ибтидо гуфта шуд ҷиноӣ аст, ҳамчунон идома дорад то мушаххас шавад оё ҳодиса дар пайи иқдоми шаҳодат талабона сӯрат гирифта ё на.

Дар ҳамин иртибота, манобеи саҳюнистӣ чаҳоршанбе ҳафтаи гузашта аз анҷоми як амалиёти истишҳодӣ дар ғарби Қудси ишғолӣ хабар дода буданд.

Артиши режими саҳюнистӣ дар пайи нигаронӣ аз такрор ва тадовуми анҷоми амалиётҳои шаҳодат талабона дар бахшҳои мухталифи Фаластини ишғолӣ, тадобири амниятиро афзоиш дода ва низомиёни бештаре дар нуқоти мухталиф аз хоки Фаластин мустақар карда аст.

Yedioth AhronothҚудси ишғолӣсаҳюнистсаҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment