Шаҳрвандони Амрико: хурӯҷ аз Афғонистон “таҳқири миллӣ” буд

Назарсанҷии ҷадид дар Амрико нишон дод, ки норизоятӣ аз хурӯҷи Амрико аз Афғонистон аз марзҳои ҳизбӣ убур карда ва ду сеюми мардуми Амрико онро "таҳқир миллӣ" медонанд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҳафтод дарсади шаҳрвандони Амрико, хурӯҷ аз Афғонистонро “таҳқири миллӣ”, медонанд.

Назарсанҷии муассисаи муътабари “Rasmussen”, нишон дод, ки 51 дарсад аз шаҳрвандони Амрико ба шиддат мувофиқи гузинаи таҳқир шудани Амрико дар хурӯҷ аз Афғонистон ҳастанд, дар ҳолеки 56 дарсад аз Демократҳо бар ин боваранд, ки наҳваи хурӯҷи Амрико аз Афғонистон “шармовар” буд.

Ин назарсанҷӣ нишон дод, ки 73 дарсад аз раъй диҳандагони Амрико муътақид буданд Амрикоиҳое ки дар Афғонистон боқӣ мондаанд ба эҳтимоли зиёд тавассути Толибон гаравгон гирифта мешаванд ва тақрибан ними аз онҳо гуфтаанд, ки ин сенария «бисёр муҳтамил» аст ва танҳо 16 дарсад фикр мекунанд, ки чунин мавриде баъид ба назар мерасад.

Дар ин назарсанҷӣ омада аст, ки хурӯҷ аз Афғонистон як таҳқири миллӣ аст ва “Ҷо Байден”, раиси ҷумҳури Амрико ҳазорон Амрикоиро пушти хутути Толибон раҳо кард то аз худ муроқибат кунанд.

Натоиҷи як назарсанҷии дигар низ нишон дод, ки мизони маҳбӯбияти раиси ҷумҳури Амрико ба поинтарин мизон аз замони вурудаш ба Кохи Сафед расида аст.

Тибқи натоиҷи ин назарсанҷӣ, ки рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбеи гузашта дар Амрико бар гузор шуд, 44 дарсад аз шаҳрвандон амалкарди Байденро қобил қабул медонад. Натоиҷи ин назарсанҷӣ, ки аз сӯи “Reuters” ва муассисаи “Ipsus” анҷом шуда ҳамчунин нишон дод, 50 дарсад аз Амрикоиҳо амалкарди раиси ҷумҳури худро ғайри қобили қабул медонанд.

Маҳбӯбияти Байден аз авосити моҳи гузаштаи мелодӣ ва дар буҳбуҳаи хурӯҷи Амрикоиҳо аз Афғонистон ва афзоиши маргу мири ношӣ аз коронавирус, шурӯъ ба коҳиш карда аст.

Бар асоси ин назарсанҷии ҷадид, мизони ризояти Амрикоиҳо аз иқдомоти давлати Байден барои муқобила бо вируси корона барои аввалин бор ба зери 50 дарсад расида аст ва 46 дарсад низ аз наҳваи посӯх ба шуюъи вируси корона дар Амрико норозӣ ҳастанд.

ReutersАмрикоАфғонистонБайденТолибон
Comments (0)
Add Comment