Тоҷикистон сафири ИМА дар Душанберо эҳзор кард

Вазорати корҳои хориҷии кишварамон (ВКХ) сафири ИМА дар Душанберо эҳзор ва ёддошти эътирозии Тоҷикистонро ба ӯ таслим кард.

Сомонаи ВКХ 14-уми сентябр дар бораи эҳзори сафири ИМА хабар дод: “Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Марк Поммершайм ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардид.”

Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд: “Ба сафири ИМА оид ба суханони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷаноби Ҷо Байден зимни боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар Пенсилвания ёддошти эътирозӣ супорида шуд.”

Дар ёддошт омадааст, ки чунин суханҳо ба руҳияи муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ ҷавобгӯ намебошад.

Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманди пешбурди робитаҳои судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар руҳияи ёрӣ ва эҳтироми ҳамдигар аст.

Ба навиштаи Озодӣ пеш аз ин президенти ИМА Ҷо Байден зимни боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар Пенсилвания гуфта буд: “Бисёр душвор аст, ки ба дигарон фаҳмонӣ, ки чӣ гуна метавон берун шуд. Масалан, агар мо дар Тоҷикистон мебудем ва як ҳавопаймои “С-130”-ро оварда мегуфтем: “ҳар касе бо мо ҳампаймон аст, савор шавад”, боз ҳам одамон дар чарх (манзур ҳавопаймо) овезон мебуданд.”

Ин суханони Ҷо Байденро хеле аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун таҳқир ба сокинони Тоҷикистон қабул карда, аз Вазорати корҳои хориҷии кишварамон хоста буданд, ки сафири ИМА дар Душанберо эҳзор ва ба ӯ нотаи эътирозӣ супорад.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистонсафири ИМАСафорати АмрикоТоҷикистонэҳзор
Comments (0)
Add Comment