Созмони Милал: 97% дарсади афғонҳо дар хатари фақр қарор доранд

Созмони Милал, рӯзи панҷшанбе ҳушдор дод, ки ин хатар вуҷуд дорад, ки 97 дарсади Афғонистониҳо зери хати фақр қарор бигиранд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Созмони Милал рӯзи панҷшанбе ҳушдор дод, ки 97 дарсади Афғонистониҳо дар хатар қарор гирифтани зери хати фақр қарор доранд ва хостори афзоиши кӯмакҳои башардӯстона барои беҳбуди вазъияти зиндагӣ дар ин кишвар шуд.

Дар гузориши Созмони Милал омада аст: «Дар сурате ки ба дархостҳо барои кӯмак ба муқобила бо буҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Афғонистон посух дода нашавад то 97 дарсад аз Афғонистониҳо бо хатар рафтан ба зери хати фақр мувоҷеҳ ҳастанд».

Дар ин гузориш омада аст, ки эҳтимол дорад, ки тавлиди воқеӣ нохолиси дохилӣ дар Афғонистон то 13.2 дарсад коҳиш ёбад, ки ҳамин мавзӯъ дарсади фақр дар ин кишварро то 25 дарсад афзоиш хоҳад дод.

Аз сӯи дигар, дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид (OCHA) рӯзи сешанбе гуфт, ки Афғонистон бо фурӯпошии хадамоти асосӣ рӯбарӯ аст.

“Ҷенс Ларк”, сухангӯи ин ниҳоди Созмони Милал дар нишасти хабарии ин созмон бо баёни инки миллионҳо афғон ниёз ба кӯмаки ғизоӣ ва кӯмакҳои беҳдоштӣ доранд, аз эҳдокунандагон хост дар остонаи конфаронси байналмилалӣ кӯмак ба Афғонистон дар 13 сентябр кӯмакҳои бештаре ироа кунанд.

Созмони Милали Муттаҳид, тақозои кӯмаки тақрибан 200 миллион дол­ларии бештар барои кӯмакҳои наҷот бахш дар Афғонистон кард.

Ожонси башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки маблағи изофӣ ба ин маъност, ки дар ҳоли ҳозир дар маҷмӯъ 606 миллион дол­лар барои кӯмак ба Афғонистон то поёни сол ниёз аст.

Ҳатто қабл аз таҳаввулоти ахири Афғонистон, ин кишвар ба шиддат вобаста ба кӯмак буд ва 40 дарсад тавлиди нохолиси дохилии он аз манобеи молии хориҷӣ таъмин мешуд.

Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дода, ки 18 миллион нафар бо фоҷеъаи инсонӣ рӯбарӯ ҳастанд ва 18 миллион нафари дигар низ мумкин аст ба суръат дар чунин шароите қарор бигиранд.

Ба гуфта ин ниҳод, 413 миллион дол­лар аз дархости ҷадиди муртабит бо ниёзҳои бароварда нашуда дархости собиқ аст, дар ҳоле ки 193 миллион дол­лар ба ниёзҳои ҷадид ва тағироти ҳазинаҳои амалиётӣ ихтисос меёбад.

АфғонистонСозмони МилалСозмони Милали Муттаҳидфақр
Comments (0)
Add Comment