Амрико дар Афғонистон фоҷеъа ба ҷой гузошт

Раиси ҷумҳури Русия зимни фоҷеъа тавсиф кардани вазъияти Афғонистон дар пайи ҳузури 20 солаи Амрико ва сипас хурӯҷ аз он гуфт, кишвараш алоқае ба таҷзияи Афғонистон надорад, зеро дигар тарафе нест, ки Маскав бо он суҳбат кунад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Владимир Путин”, раиси ҷумҳури Русия имрӯз (ҷумъа) вазъияти Афғонистон пас аз хурӯҷи нерӯҳои таҳти раҳбарии Амрико аз ин кишварро “фоҷеъа”, тавсиф кард ва афзуд демокрасияро наметавон бо зӯр таҳмил кард.

Владимир Путин, ки дар конфаронси маҷмаъи иқтисодии шарқ сухан мегуфт, афзуд агар мардум ба демократия эҳтиёҷ дошта бошанд, ба шакли табиӣ ба онҳо мерасад.

Раиси ҷумҳури Русия дар идома гуфт, ки созмони милали муттаҳид ва шӯрои амниятии он, аз ҷумла панҷ узви доим, бояд масъӯли назм дар ҷаҳон бошанд.

Вай бо ин ҳол, изҳор дошт, ки сиёсати кишварҳое ки стандартҳоеро аз хориҷ эъмол мекунанд ҳануз дар соири нуқоти ҷаҳон идома дорад.

Ба навиштаи хабаргузории “Спутник”, Владимир Путин, ки қаблан гуфта буд ҳузури 20 солаи Амрико дар Афғонистон фақат мунҷар ба “фаҷиъа” шуда аст, истидлол кард, ки Русия алоқае ба таҷзияи ин кишвари ҷануби Осиё надорад, зеро дигар тарафе нест, ки Маскав бо он суҳбат кунад.

Вай дар идома гуфт, бисёре аз гурӯҳҳои ифротӣ, ки дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон фаъолият мекунанд, таҳдиде барои ҳамсоягон ва муттаҳидони Русия ҳастанд.

Раиси ҷумҳури Русия изҳор дошт: гурӯҳи Толибон як даст нест, агарчи бештар аз қабоили паштун ташкил шуда, намояндагони бисёре аз гурӯҳҳои дигар, аз ҷумла ДИИШ дар Афғонистон ҳузур доранд. Бисёре аз мардум аз ҷумла афроди тундрав аз зиндон озод шуданд.

Владимир Путин афзуд: ҳарчӣ зӯдтар Толибон ба мардуми мутамаддин мулҳақ шаванд, иртибот, нуфӯз ва пурсишгарӣ роҳаттар хоҳад буд.

Владимир Путин, сипас аз қудратҳои ҷаҳонӣ хост дар тасмимгирӣ дарбораи ба расмият шинохтани нерӯҳои сиёсӣ дар Афғонистон, талошҳоро муттаҳид кунанд.

Имрӯз ҳамчунин “Мария Захарова”, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия зимни таъкид бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон гуфт: Маскав ба расмият шинохтани мақомоти ҷадиди Афғонистонро пас аз ин марҳала баррасӣ хоҳад кард.

АмрикоАфғонистонМаскавРусияТолибонфоҷеъа
Comments (0)
Add Comment