Дастрасии Толибон ба мақодири зиёди таслеҳот, як таҳдиди ҷиддӣ аст

"Сергей Шойгу", вазири дифои Русия, дастрасии шибҳи низомиёни Толибон дар Афғонистон ба мақодири зиёди таслеҳот аз ҷумла падофанди ҳавоӣ ҳамроҳро ҳамчун як "Таҳдиди ҷиддӣ" бар алайҳи дигар кишварҳо хонд.

 

“Сергей Шойгу” , вазири дифои Русия, дастрасии шибҳи низомиёни Толибон дар Афғонистон ба мақодири зиёди таслеҳот аз ҷумла падофанди ҳавоӣ ҳамроҳро ҳамчун як “Таҳдиди ҷиддӣ” бар алайҳи дигар кишварҳо хонд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”,  “Сергей Шойгу” вазири дифои Русия рӯзи се шанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, ки “нахустин ва ҷаддитарин таҳдиди дастёбии Толибон ба мақодири зиёде таслеҳот аст, ки бисёр хатарнок ва дарди сар соз хоҳад буд».

Вазири дифои Русия, ба таври хос ишора кард, ки метавон ба садҳо мошини зиреҳӣ, ҳавопаймо ва болгардҳои мутааддид ишора кард, ки ин ҳама таслеҳот дар ихтиёри гуруҳи Толибон қарор доранд.

“Сергей Шойгу”, вазири дифои Русия ҳамчунин гуфт: «ме тавонам ба шумо бигӯям онҳо (гуруҳи Толибон) болиғ бар 100 системаи падофанди ҳавоӣ ҳамроҳ, дар ихтиёр доранд, ки худ як хатари ҷидди ва ғайри қобили инкор аст».

“Сергей Шойгу”, Вазири дифои Русия дар идома афзуд, ки «ҳеч кас ин мавзӯъро кантрол намекунад ва қобили кантрол ҳам нест, ибрози нигаронӣ кард ва онро хатарнок хонд».

Пеш аз ин дар хабарҳо омада буд, ки ҷумбиши тундрави гуруҳи Толибон чандин ҳавопаймо,  болгарди низомӣ ва мӯшакҳои зидди танки Амрикоиро ба даст оварда аст, ки ин амр ба нигарониҳое дар миёни мақомоти Пентогун ва дигар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, доман зада аст.

Ба гуфтаи манобеи огоҳ, ҳануз дар мавриди новбуд кардани силоҳҳои тасарруф шуда тавассути гуруҳи Толибон тасмиме гирифта нашуда аст. Ҳарчанд бархе коршиносон мегӯянд, ки истифода аз болгард ва ҳавопаймо барои Толибон душвор аст зеро онҳо фоқиди халабон ҳастанд ва гуруҳи Толибон аз хадамоти таъмир ва нигаҳдорӣ низ бе баҳра ҳастанд ва наметавонан аз ин ҳама таҷҳизот баҳра бардорӣ кунанд.

АфғонистонРусиясергейСергей ШойгуТолибон
Comments (0)
Add Comment