Оё Душанбе ба Панҷшер силоҳ додааст? посухи Тоҷикистон ҷабҳаи миллии Афғон ва

Мақомоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабари интиқоли силоҳу муҳиммот аз Тоҷикистон ба вилояти Панҷшери Афғонистонро рад карданд.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ахбори расонаҳои дидорӣ, шунидорӣ ва маҷозии Афғонистонро дар хусуси интиқоли аслиҳаву муҳиммот аз Тоҷикистон ба вилояти Панҷшер такзиб кард.

Масъулони Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфтанд: Ин ахбор ҷаълӣ ва ғайривоқеӣ аст ва ҳеч появу асосе надорад.

Масъулони ҷабҳаи муқовимат ба фармондеҳии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд низ ирсоли силоҳу муҳиммот аз Тоҷикистон ба Панҷшерро такзиб карданд ва гуфтанд, омодаи муқобила бо ҳамлаи эҳтимолии Толибон ҳастанд.

Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон эълом кард, ҳеҷ хати ҳавоӣ барои интиқоли таҷҳизот аз Тоҷикистон ба Панҷшер барқарор нашудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки сухангӯи Толибон ба “Спутник” -и Афғонистон гуфт: Ҳайате аз ин гурӯҳ барои дидор бо Амруллоҳ Солеҳ, муовини раиси ҷумҳури пешин ва дигар мақомот ба вилояти Панҷшер сафар карданд.

Гурӯҳи Толибон низ аз Аҳмади Масъуд хостааст, ки таслим ва вилояти Панҷшерро таҳвил диҳад. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон низ гуфт: Ин гурӯҳ нерӯҳои муқовимат дар Панҷшерро муҳосира карданд.

То кунун нерӯҳои муқовимат ба раҳбарии Аҳмади Масъуд дар мавриди баёнияи Толибон изҳори назаре накардаанд.

Бархе расонаҳои афғонистонӣ хабареро мунташир карданд, мабнӣ бар ин ки болгардҳои ҷабҳаи муқовимат, силоҳ, муҳимот ва малзумоти низомиро аз Тоҷикистон ба Панҷшер мунтақил карданд.

Панҷшери Афғонистон ба бузургтарин ноҳияи муқовимат дар баробари Толибон табдил шудааст.

Вилояти Панҷшер дар шимоли Кобул қарор дорад. Акнун ҳомиёни Амруллоҳ Солеҳ, муовини раиси ҷумҳури пешини Афғонистон нерӯҳои низомии худро дар ин устон мутамаркиз карданд.

Вай пештар худро бар асоси қонуни асосӣ раиси давлати қонунии Афғонистон эълом кардаву хостори муқовимат дар баробари Толибон шуд.

Аз сӯи ҷабҳаи муқовимати Афғонистон гирифтани силоҳро рад кардааст. Ҷабҳаи муқовимат, ҳаммаслакони Аҳмади Масъуд гирифтани силоҳ ва ҳама гуна кӯмакро тариқи Душанбе рад карданд.

Манобеи ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳам иттилоот дар бораи роҳандозии ҳаракати ҳавоӣ бо Тоҷикистонро рад кардаанд.

Намояндаи ин ҷабҳа гуфтааст: “Ҳаракати ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Панҷшер роҳандозӣ нашудааст”.

Вай афзуд, ки Панҷшер феълан бо ягон давлат иртиботҳои ҳавоӣ надорад.

Бино бар хабарҳои охирин, ягона вилояти озод аз Толибон (ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) дар муҳосираи ҷангиён аст. Дар ҳамин ҳол, ҳарду ҷониб ҳам изҳор медоранд, ки омодаи гуфтушуниданд.

Пештар бархе аз расонаҳо хабар доданд, ки ба Панҷшер аз Душанбе силоҳ расонида шуд.

АфғонистонВазорати хориҷаи ТоҷикистонДушанбеПанҷшерТолибон
Comments (0)
Add Comment