Трамп хостори истеъфои “Байден” ба хотири расвоӣ Афғонистон шуд

Раиси ҷумҳури собиқи Амрико дар баёнияе шадидуллаҳн таъкид кард, ончи "Ҷо Байден" бо Афғонистон кард яке аз бузургтарин шикастҳои таърихи Амрикоро рақам зад.

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ “Доналд Трамп”, раиси ҷумҳури собиқи Амрико, ки тарҳи хуруҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон дар давлати вай таҳия ва тадвин шуда буд дар баёнияе Ҷо Байден, раиси ҷумҳури феълии ин кишварро дар заминаи наҳваи иҷрои он ба интиқод гирифт.

Бар асоси гузориши “Sky News”, Доналд Трамп дар баёнияи худ таъкид карда, «Ончи Ҷо Байден бо Афғонистон кард афсонае буд ва яке аз бузургтарин шикастҳои таърихии Амрикоро рақам зад».

Вай дар идома аз Ҷо Байден хостааст, ба хотири ин расвоӣ аз симати худ канора гирӣ кунад.

Доналд Трамп гуфта, «Замони он расидааст, ки Ҷо Байден бо шармандагӣ истеъфо кунад. Ин набояд иттифоқ бузурге бошад чаро, ки аз аввал ҳам ба таври қонунӣ интихоб нашуда буд».

Ҳамзамон шабакаи хабарии “CNN” гузориш дода ки Ҷо Байден қасд дорад барои тавзеҳ дар бораи тасмимаш барои хуруҷи низомиёни ин кишвар аз Афғонистон тайи рӯзҳои оянда бо мардуми Амрико суҳбат кунад.

Хуруҷи низомиёни Амрико ва НАТО аз Афғонистон, ки мунҷар ба кантроли комили ин кишвар ба дасти нерӯҳои Толибон шудааст, интиқодоти зиёдеро аз давлат Ҷо Байден ва тими амнияти миллии вай барангехта аст.

Доналд Трамп, пеш аз ин низ аз Ҷо Байден интиқод карда ва гуфта буд, ҷонишинаш ба ҷои пайравӣ аз барномае ки давлати ӯ барояш ба ҷо гузошта буд, аз Афғонистон фирор кардааст.

Ҷо Байден дар баёнияе дар тавҷеҳи тасмимаш дарбораи Афғонистон гуфта, бояд интихоб мекарда ва ин ҷангро ба панҷумин раиси ҷумҳури Амрико (аз замони ҳамлаи Амрико ба Афғонистон) вогузор нахоҳад кард.

Раиси ҷумҳури Демократи Амрико гуфт: вақте раис ҷумҳур шудам, бо як интихоб рубарӯ будам, тавофуқи (Амрико бо Толибон)ро бо тамдиди кӯтоҳ муддат барои хурӯҷи эмани нерӯҳои худ ва нерӯҳои муттаҳидонмон дунбол кунам, ё ҳузурамонро афзоиш даҳем ва сарбозони Амрико бештареро барои ҷанги муҷаддад дар даргирии дохилии як кишвари дигар бифиристам.

Ҷо Байден афзуд: агар артиши Афғонистон натавонад ё наметавонад кишвари худро ҳифз кунад, ҳузури низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як соли дигар ё панҷ соли дигар тағйир эҷод намекунад ва ҳузур бе поёни Амрико дар буҳбуҳаи даргирии дохилии як кишвари дигар барои ман қобил қабул набуд.

Sky-newsАмрикоАфғонистонГуруҳи ТолибонДоналд ТрампНАТОТолибонҶо Байден
Comments (0)
Add Comment