Даҳҳо фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни саҳюнистӣ ба ҷануби Наблус осеб диданд

Даҳҳо фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни саҳюнистӣ ба тазоҳуроти зидди шаҳраксозӣ дар шаҳраки "Бито" дар ҷануби Наблус осеб диданд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҳамлаи низомиёни палиди саҳюнистӣ ба роҳпаймоӣ рӯзи ҷумъаи шаҳрвандони фаластинӣ дар шаҳраки “Бито” дар ҷануби Наблус бо захмӣ шудани даҳҳо фаластинӣ ҳамроҳ шуд.

Ба гузориши канали телеграмии “Euronews”, “Аҳмад Ҷабраил” раиси уржонси Ҳилоли Аҳмари устони Наблус дар шимоли Каронаи Бохтарӣ гуфт: дар ҳамлаи низомиёни кӯдак куши саҳюнистӣ ба шаҳрвандони Бито, ки пас аз иқомаи намози ҷумъаи худ дар ин шаҳрак тибқи риволи ҳар ҳафта тазоҳурот алайҳи шаҳраксозиро баргузор карданд, панҷ шаҳрванди фаластинӣ ба зарби гулӯлаи пластикӣ, 24 нафар бар асари истншоқи гази ашковар ва нуҳ нафари дигар бар асари шиллики гулӯлаи гази ба ноҳияи саршон осебе ҷидди диданд.

Шаҳраки Бито воқеъ дар ҷануби Наблус аз се моҳи пеш шоҳиди хашми Фаластиниён дар эътироз ба шаҳраксозӣ дар кӯҳи “Сабих” дар ин минтақа буд, ки ба даргирӣ байни онҳо бо низомиёни палиди саҳюнистӣ мунҷар шуд.

Аз замони оғози муқовимати мардумӣ дар “Бито” токунӯн шаш ҷавони фаластинӣ ба шаҳодат расидааст, ки охирин нафар низ шаҳид “Имод Дуйкат” буд, ки ҷумъаи гузашта дар асари исобати гулӯла ба синааш ба шаҳодат расид.

Дар чанд рӯзи ахир сокинони Бито тасмим гирифтанд тазоҳуроти хашми шабона ва даргирӣ бо низомиёни палиди саҳюнистро ба таври муваққат ба вурудӣ ва чаҳорроҳи аслии шаҳрак интиқол диҳанд, онҳо хостори озодии пайкари шаҳид “Шоди Ал-Шарфо” шуданд, ки токунун тавассути нерӯҳои ишғолгари саҳюнистӣ гаравгон гирифта шудааст.

Гуфтани аст, Фаластиниён тақрибан ҳар рӯз дар эътироз ба шаҳраксозии режими палиди саҳюнистӣ дар сарзаминҳояшон ва эҳдоси девори ҳоил дар Каронаи Бохтарӣ тазоҳурот баргузор мекунанд ва низомиёни режими манҳуси саҳюнистӣ бо истифода аз гулӯлаи ҷангӣ, гулӯлаи пластикӣ ва гази ашковар ба тазоҳуроти Фаластиниҳо ҳамла мебаранд.

БитоКаронаи БохтарӣНаблуснизомиёни саҳюнистӣФаластини
Comments (0)
Add Comment