Мавонеъи Тоҷикистон барои вуруди ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

Тоҷикистон қабл аз қабули қарор дар бораи шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иқтисодиёти кишварҳои узви ин созмонро таҳлил хоҳад кард

Тоҷикистон қабл аз қабули қарор дар бораи шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иқтисодиёти кишварҳои узви ин созмонро таҳлил хоҳад кард

Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё вақт лозим дорад. Дар ин бора ба РИА Новости вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода хабар дод. Вай гуфт :

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони ҷавон аст, аз ин рӯ, ҳоло баҳо додан ба ҳама ҷиҳатҳои мусбат ва манфии пайвастани ҷумҳурӣ ба ин Иттиҳод имконнопазир аст”.

Ба гуфтаи Завқизода, мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи кишварҳои узви Иттиҳод бо иқтисодҳои шабеҳро меомӯзанд ва таҳлил мекунанд. Пеш аз ҳама, инҳо Қирғизистон ва Арманистон мебошанд.

Вазир таъкид кард, ки дар масъалаи шомилшавии ҷумҳурӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шитоб кардан маъно надорад. Таҳияи омори намунавӣ оид ба фаъолияти иқтисодии созмон метавонад солҳо тӯл кашад.

Завқизода гуфт :

“Омори кӯтоҳмуддат ба таҳлили мукаммал имкон намедиҳад”.

Вазир афзуд, ки Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои узви ИИАО ҳамкорӣ мекунад. Шарикони асосии тиҷоратии кишвар Русия ва Қазоқистон мебошанд. Илова бар ин, сармоягузориҳо ба ҷумҳурӣ тавассути Бонки Авруосиёии Рушд ворид мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки музокирот дар бораи вуруди Тоҷикистон ба ИИАО чанд сол боз идома дорад. Ба гуфтаи коршиносон, аз чунин иқдом назар ба камбудиҳо бартариҳои зиёдтар вуҷуд доранд.

Пеш аз ҳама, узвият дар Иттиҳод ба кишвар имкон медиҳад, ки потенсиали тиҷоратӣ ва сармоягузории худро боз кунад.

АвруОсиёМавонеъТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment