Мирзиёев номзади интихоботи президентӣ шуд

Шавкати Мирзиёев номзади интихоботи президентӣ шудааст.

Ҳизби ҳокими либерал -демократии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро ба интихоботи президентӣ ҳамчун номзад пешбарӣ кард.

Дар Узбекистон интихоботи президентӣ 24-уми октябр баргузор мешавад. Дар ин интихобот 5 ҳизби сиёсии расман ба қайд гирифташуда ҳақ доранд номзадҳои худро пешбарӣ кунанд. Ҳама аз ҳукумати феълии Мирзиёев пуштибонӣ мекунанд ва номзадҳои худро пешбарӣ мекунанд, то ба интихобот ранги алтернативӣ ва намуди рақобат диҳанд.

Қаблан Ҳизби экологӣ Нарзулло Обломуродовро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ карда буд. Ва пленуми шӯрои марказии Ҳизби сотсиал -демократии “Адолат” дар анҷумани худ тасмим гирифт, ки раҳбари ҳизб Баҳром Абдухалимовро аз номзади Ҳизби сотсиал -демократ пешбарӣ кунад.

Шавкат Мирзиёеви 64-сола, ки давраи панҷсолаи раёсати ҷумҳуриро ба охир мерасонад, то ҳол ба номзадии ӯ барои як давраи дигар вокуниш нишон надодааст. Мирзиёев соли 2016 пас аз даргузашти нахустин президенти Узбакистон Ислом Каримов, ки бо сиёсатҳои сахтгирона ва саркӯбии худ маъруф буд, сари қудрат омад.

Баръакси Ислом Каримов, Мирзиёев тавонист муносибатҳои Узбакистонро бо ҳама ҳамсоягонаш дар минтақа, аз ҷумла бо Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ба эътидол орад, мубориза бо фасодро дар дохили кишвар оғоз кунад, бисёр маҳбусони сиёсиро озод кард, маҳдудиятҳои зиёдеро аз байн бурд ва ба сокинон баъзе озодиҳо дод.

Мирзиёев дар сафари расмиаш бу Душанбе ва дидор бо Эмомалӣ Раҳмон 30 созишнома ба имзо расондааст. Ин созишномаҳо шомили сохти роҳи оҳани Водии Зарафшон ба вилояти Самарқанд, азсаргирии ҳаракати дубораи автобусҳои мусофирбарӣ миёни ду кишвар, осонсозии рафту омади мусофирон ва васоили нақлия, афзоиши муддати ҳузури шаҳрвандони ду кишвар бидуни сабт дар идорти интизомӣ ва барқӣ кардани роҳи оҳани Бекобод, Конибодом ва Хуҷанд мебошад.

интихоботи президентӣинтихоботи президенти УзбекистонИслом КаримовҲизби либерал -демократии Узбекистон
Comments (0)
Add Comment