Гузориши маросими танфизи ҳукми президентии Сайид Иброҳими Раисӣ

Маросими танфизи ҳукми сездаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон бо ҳузури ҷамъе аз сиёсатмадорону чеҳраҳои муҳими ин кишвар дар назди Оятуллоҳ Хоманаӣ баргузор гардид.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар маросими танфизи ҳукми раёсатҷумҳурии Сайид Иброҳими Раисӣ таъкид кард, ҷобаҷоии ороми давлатҳо нишонаи вуҷуди ақлоният ва оромиш дар Эрон аст.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии президенти Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин маросим гуфт: “Маъмулан дар бисёре аз кишварҳо ин ҷобаҷоӣ бо кашмакаш анҷом мешавад. Инҷои Алҳамдулиллоҳ бо оромишу амният анҷом мешавад. Ин давра ҳам ба фазли илоҳӣ ҳаминтавр буд. Ҳам нишонаи ақлонияту оромиши умумии ҳоким бар кишвар ва масъулин ва мардум аст ва ҳам нишонаи танаввуи сиёсист. Давлатҳое, ки даст ба даст кардаанд қудратро, гароишҳои мухталифи сиёсӣ доштаанд. Табъан ин танаввуъ нишонаи озодии интихобот ва саломати он аст”.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон зимни ташаккур аз ҳузури мардум ва низ аз баргузоркунандагони интихобот, ки саломат ва амнияти интихоботро таъмин карданд, афзуд: “Аз сӯи душманон як тавтеа барои таҳрими интихобот тарроҳӣ шуда буд, дар дохил ҳам бархе аз рӯи ғафлат баъзе ҳам шояд аз рӯи ғараз ин сиёсатро дунбол мекарданд. Мардум посухи қотее доданд ва ширкат карданд. Ширкати мардум бо таваҷҷуҳ ба авзоъ ва аҳволе, ки вуҷуд дошт, ширкати хубе буд ва нишондиҳандаи ҳузури мардум дар арса буд”.

Ишон илова намуд: “Хушбахтона дар баёноти раисҷумҳури муҳтарам ҷаноби оқои Сайид Иброҳими Раисӣ дар таблиғоти интихоботӣ такя бар арзишҳои асосии инқилоб мукаррар анҷом гирифт, ин масири дурустест ва тавсияи муваккади мо ин аст, ки ҳамин масирро идома диҳанд”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ изҳор дошт, ки мазҳари вифоқи миллӣ бошед ва бо мардум содиқона ҳарф бизанед, бо фасоду муфсид беамон мубориза кунед.

Раҳбари ҶИЭ ҳузури миллати Эрон дар интихоботро комилан пурмаъно ва намоди мардумсолории динӣ хонданд ва маросими танфизро муттакӣ бар қонуни асосӣ ва расми бунёнгузорӣ шуда ба дасти имом Хумайнӣ (рҳ.) баршумурданд ва афзуданд, ин маросим, мазҳари мавзӯи бисёр муҳими «ҷобаҷои ақлонӣ, ором ва матин» дар қувваи муҷрия ва дар воқеъ дар мудирияти кишвар аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, бо ишора ба баргузории интихобот дар саломату амнияти комил, афзуданд, аз муддатҳо пеш тавтеаи таҳрими интихобот дар маҳофили сиёсатгузории душманон тарроҳӣ ва дунбол мешуд ва дар дохил ҳам иддае аз рӯи ғафлату иддае шояд аз рӯи ғараз ҳамин хатро дунбол мекарданд, аммо миллат посухи қотеъ дод ва бо тавваҷуҳ ба авзоъу аҳвол, мушорикати хубе дар интихобот дошт.

Раҳбари инқилоби Эрон, ҷобаҷои қудрат дар қувваи муҷрияро умедофарин баршумурданд ва гуфтанд, ҳузури афроди ҷадид бо иродаҳои тоза ва ибтикороти нав, барои ҳама ба хусӯс ҷавонон умед меофаринад, ки ин умедворӣ бисёр муғтанам аст.

Эшон вуруди миллат ба масоили мухталифро калиди аслии ҳали мушкилот хонданд ва афзуданд, пайгирии арзишҳои инқилоб мӯҷиби афзоиши ангезаҳои мардум ва вурӯди онон ба майдон мешавад, ки ин ҳузур бе бадил ва бе ҷойгузин, бисёр муғтанам ва коргушо аст.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, бо ишора ба шиорҳои интихоботии оқои Раисӣ мабнӣ бар «мардумӣ будан ва аз мардум шунидан ва дар миёни мардум будан», гуфтанд, мардумӣ будан мавзӯи бисёр муҳимме аст ва раисиҷумҳури муҳтарам ва ҳамкоронашон бояд талош кунанд ин шиор дар воқеият муҳаққақ шавад ва ба маънии воқеӣ ва бидуни дар назар гирифтани имтиёзҳои табақотӣ ва гурӯҳӣ, дар миёни ҳамаи мардум бошанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ яке дигар аз ҷанбаҳои мардумӣ буданро муборизаи беамон бо фасод ва мафосид баршумурданд ва афзуданд, оқои Раисӣ дар масъӯлияти қаблӣ, мубориза бо фасодро шурӯ кард ва иқдомоти хубе анҷом дод, аммо асли қазия ва бистарҳо ва заминаҳои фасод дар қувваи муҷрия аст, ки бояд бо он ба таври ҷиддӣ мубориза кард.

Ишон тасреҳ карданд, ин рӯзҳо аз мушкилот ва камбудиҳои кишвар гуфта мешавад, ки зиёд ҳам ҳастанд, аммо зарфиятҳои кишвар дар бахшҳои об, нафт, маодин, бозори густардаи дохилӣ, ҳамсоягон ва истеъдодҳо ва омодагиҳои ҳайратовари ҷавонон, бисёр фаротар аз мушкилоти фавқулодда ҳастанд.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон, бо ишора ба вуҷӯди заъфу камкорӣ дар корҳои расонаӣ ва таблиғотӣ дар дохили кишвар хотир нишон карданд, бояд дар ин масоил қавитар ва ҳӯшмандонатар амал кард.

Дар ин маросим раисҷумҳури мунтахаб ва ҷадиди ҶИЭ ҳам суханронӣ кард. Раисҷумҳури ҷадиди Эрон таъкид кард, таваҷҷӯҳ ба раҳнамудҳои имом Хумайнӣ (р) ва раҳбарӣ сабаби пешрафт ва иқтидор шуд.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури ҷадиди Эрон дар маросими танфизи раёсатҷумҳурии исломии Эрон гуфт: “Хуршеди тобноки мардумсолории динӣ беш аз 40 соли пеш дар ин сарзамин бо ҳидояти имом Хумайнӣ (р)-и бузургвор ва азимушаън ва бо ҳиммати волои мардуми бузург ва вазифашинос тулуъ кард.”

Раисӣ бо ишора ба инки давлатмардон ва масъулон ва мардум дар ин 40 сол дар ҷиҳати таҳаққуқи мардумсолорӣ бисёр талош карданд, афзуд: “Дар ин 40 соли онҷое, ки таваҷҷуҳ ба раҳнамудҳои имом Хумайнӣ (р) ва раҳбари инқилоби исломӣ ва сиёсатҳои низом шуд, ҳавзаи пешрафт, иқтидор ва иртиқо буд.”

Раисҷумҳури ҶИЭ афзуд: “Модели ҳукмронии навине ба олам арза шуд ва дар ин модели ҳукмронии нав, амри дин дар канори дунё, амри илм дар канори ахлоқ, амри адолат дар канори пешрафт, амри иззат дар канори рифоҳ ба олам арза шуд.”

Раисӣ тасреҳ кард: “Масъалаи касри буҷет, масъалаи суботи бозори биржа, контроли гаронӣ ва таваррум, масъалаи корона ва масоили дигаре, ки шинохта шуда ва роҳкорҳои он ҳам андешида шудааст.”

Раисҷумҳури ҷадиди Эрон таъкид кард: “Ба дунболи рафъи таҳримҳо хоҳем буд, вале суфраи мардумро ба бегонагон гиреҳ нахоҳам зад.”

Маросими савгандёдкунии раисҷумҳурии сездаҳуми Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбеи 5 август бо ҳузури 115 мақоми расмӣ аз 73 кишвари ҷаҳон, дар Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон баргузор мешавад.

Мақомоту намояндагони 11 созмони байналмилалӣ ва минтақаӣ низ барои ҳузур дар Теҳрон эъломи омодагӣ кардаанд, ки аз ҷумлаи онҳо намояндаи дабири кулли Созмони Милал, раиси ОПЕК, Итиҳоди Аврупо, АвруОсиё, Байналмаҷолиси исломӣ, G8 ва ЭКО ҳастанд.

интихоботи ЭронОятуллоҳ ХоманаӣСайид Иброҳими Раисӣ
Comments (0)
Add Comment