Муроҷиатномаи Ҳизби демократ барои эълони қарантини 20 рӯза дар кишвар

Аз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон дасхост шудааст, ки дар кишвар қарантин ҷорӣ кунад.

Дар пайи вахим гаштани вазъи паҳншавии коронавирус дар кишвар Ҳизби демократи Тоҷикистон аз роҳбарияти Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дархости эълони қарантин кардааст.

Дар муроҷиатномаи Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки онро раҳбараш Саидҷаъвар Усмонзода нашр кард, гуфта мешавад, тавре ба мушоҳида мерасад, рӯзҳои охир бемории ҳамагири Ковид-19 дар саросари ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш ёфтан аст.

Дар муроҷиатномаи Ҳизби демократ омадааст: “Дар моҳҳои қаблӣ хабари густариши ин беморӣ дар кишвар хеле кам ба назар мерасид. Вале дар ин моҳи охир хабари паҳн шудани беморӣ дар шаҳру деҳкадаҳои кишвар зиёдтар шудааст. Одамон аз афзоиши шумораи гирифторшудаҳо дар беморхонаҳо ва манзили зисташон хабар медиҳанд”.

Ба гуфтаи раҳбарияти ин ҳизб, дар ин чанд моҳи охир аз тарафи шаҳрвандон иҷрои талаботи Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус – Ковид-19 хеле коҳиш пайдо кардааст.

Дар баробари ин вазъи тоқатфарсои фасли гармо ва ҳавои гилолуди чанд рӯзи охир дар пойтахт ва чанд шаҳру деҳотҳо заминаи афзоиши бемориро бештар сохтааст, таъкид кардаанд рабарияти ҳизб.

Ёдовар мешавем, ин нахустин чунин пешниҳод набуда, қаблан сокинони пойтахт низ дар як номаи дастаҷамъӣ аз Қоҳир Расулзода, раҳбари Ситоди ҷумҳуриявӣ дархост карданд, ки дар кишвар ду ҳафта қарантин ҷорӣ шавад.

коронавирусқарантинТоҷикистонҲизби демократ
Comments (0)
Add Comment