Шумори маҷрӯҳони ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба Фаластиниён ба 13 нафар расид

Теъдоди маҷрӯҳони ҳамлаи низомиёни режими палиди саҳюнистӣ ба манотиқи Каронаи Бохтарии ишғолӣ ба 13 нафар афзоиш ёфт.

 

 

Банно ба эъломи шоҳидони айнӣ ва манобеи огоҳ дар бемористонҳои Фаластин, теъдоди маҷрӯҳони ҳамлаи низомиёни режими палиди саҳюнистӣ ба манотиқи Наблус, Ҷенин ва Тобас дар Каронаи Бохтарии Руди Урдун ба 13 нафар расидааст.

Дар ҳамин рсто устондори Тобаси Каронаи Бохтарӣ тайи иттилоъияе эълом кард, ки “Юнис Ал-Ассӣ”, устондори Тобас мавриди зарбу шатми низомиёни режими палиди саҳюнистӣ қарор гирифтааст.

Бар ин асос, нерӯҳои режими саҳюнистӣ, ба таҷаммуъи Фаластиниён дар Тобас ҳамла ва чандини нафарро мавриди зарбу шатм қарор доданд.

Аҳмад Ҷибрил, яке аз масъӯлини ҷамъияти ҳилоли Аҳмари Фаластин пештар ба хабаргузориҳо гуфта буд, ки нерӯҳои режими палиди саҳюнистӣ ба шаҳраки Битои Наблуси Каронаи Бохтарии Руди Урдун ҳамла бурда ва ба зарби гулӯла як Фаластиниро захмӣ карданд.

Шоҳидони айнӣ пештар эълом карданд, ки низомиёни режими палиди саҳюнистӣ ба тазоҳуроти Фаластиниён алайҳи сохти шаҳракҳои яҳудинишин дар манотиқи Наблус, Ҷанин ва Тобас ҳамла бурданд.

Бар ин асос, як ҷавони Фаластинӣ дар Ҷанин тавассути нерӯҳои режими палиди саҳюнистӣ боздошт шудааст.

Гуфтани аст, Фаластиниён тақрибан ҳар рӯз дар эътироз ба шаҳраксозии режими палиди саҳюнистӣ дар сарзаминҳояшон ва эҳдоси девори ҳоил дар Каронаи Бохтарӣ тазоҳурот баргузор мекунанд ва низомиёни режими манҳуси саҳюнистӣ бо истифода аз гулӯлаи ҷангӣ, гулӯлаи пластикӣ ва гази ашковар ба тазоҳуроти Фаластиниҳо ҳамла мебаранд.

Каронаи БохтарӣмаҷрӯҳонФаластинФаластиниён
Comments (0)
Add Comment