Куба ва Венесуэла ҳаргиз таслими Амрико нахоҳанд шуд

Раиси ҷумҳури Венесуэла дар суханони ҳафтагии худ тасреҳ кард: Куба ва Венесуэла ҳаргиз таслими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нахоҳанд шуд.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Princess Latina”, “Николас Мадуро” раиси ҷумҳури Венесуэла дар суханоне тасреҳ кард, ки давлатҳо ва миллатҳои Куба ва Венесуэла ҳаргиз таслими Амрико нахоҳанд шуд.

Бар асоси эъломи ин хабаргузорӣ, раиси ҷумҳури Венесуэла дар суханони ҳафтагии худ ба таъсири таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Куба ва Венесуэла ва шароити дохилии ин ду кишвар ишора кард.

“Николас Мадуро”,  дар идома изофа кард: мардуми Куба таҳти шиканҷаи иҷтимоӣ ва иқтисодии (Амрико) қарор гирифтаанд.

Вай бо ишора ба таъаҳҳуди Венесуэла дар тақвияти равобити ду ҷониба бо Куба афзуд: мардуми Куба қудрат ва рӯҳияи раҳоӣ аз ҳаргунаи таҷовузгариро доранд.

 

АмрикоВенесуэлаКубаНиколас Мадуро
Comments (0)
Add Comment