Шумори маҷрӯҳони ҳамлаи низомиёни саҳюнистӣ ба Фаластиниён ба 64 нафар расид

Теъдоди маҷрӯҳони ҳамлаи низомиёни режими саҳюнистӣ ба манотиқи Каронаи Бохтарии ишғолӣ, ба 64 нафар афзоиш ёфт .

 

 

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ ва манобеи огоҳ дар бемористонҳои Фаластин, теъдоди маҷрӯҳони ҳамлаи низомиёни режими палиди саҳюнистӣ ба манотиқи Наблус ва Қалқалияи Каронаи Бохтарии Руди Урдун ба 64 нафар расида аст .

Ин дар ҳоле аст, ки ҷамъияти ҳилоли Аҳмари Фаластин, пештар эълом кард, ки низомиёни режими саҳюнистӣ 9 Фаластиниро дар бархе аз манотиқи Наблус ва Қалқалия ба зарби гулӯла захмӣ карданд .

Ҳамчунин 34 нафар бо гулӯлаҳои пластикӣ ва 16 нафари дигар низ ба туруқи мухталиф захмӣ шуданд .

Ҳамчунин даҳҳо Фаластинии дигар дар манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ бар асари истиншоқи гази ашковар дучори хафагӣ шудаанд.

Шоҳидони айнӣ пештар эълом карданд, ки низомиёни режими саҳюнистӣ бо истифода аз гулӯлаҳои ҷангӣ, пластикӣ ва гази ашковар ба тазоҳуроти Фаластиниён алайҳи сохти шаҳракҳои яҳудӣ нишин дар манотиқи Наблус ва Қалқалияи Каронаи Бохтарии ишғолӣ ҳамла бурда ва бо Фаластиниён даргир шуданд .

Гуфтани аст Фаластиниён тақрибан ҳар рӯз дар эътироз ба шаҳраксозии саҳюнистҳо дар сарзамин ҳояшон ва эҳдоси девори ҳоил дар Каронаи Бохтарӣ тазоҳурот баргузор мекунанд ва низомиёни саҳюнистӣ бо истифода аз гулӯлаи ҷангӣ, гулӯлаи пластикӣ ва гази ашковар ба тазоҳуроти Фаластиниҳо ҳамла мебаранд .

 

 

Каронаи Бохтарӣнизомиёни саҳюнистӣРуди УрдунФаластиниён
Comments (0)
Add Comment