Шумораи қурбониёни сел дар Аврупо ба 153 нафар расид

Бориши шадиди борон дар ғарб ва шимоли ғарби Аврупо боиси туғёни рудхонаҳо ва ҷорӣ шудани селҳои вайронгар шудааст, ки бар асари он токунун 153 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Ҳазорон нафар аз аҳолии ғарбу шимоли ғарби Аврупо низ манозили худро тарк карда ва токунун теъдоди зиёди хона тахриб шудааст.

Танҳо дар Олмон токунун дастикам 133 нафар бар асари вуқӯъи сел ҷони худро аз даст додаанд.

Белгия низ бар асари вуқӯъи сели вайронгар мутаҳаммили хасорот вазнине шудааст ба наҳве, ки бисёре аз манозили маскунӣ дар ҷараёни сейлоб нобуд ва нопадид шуданд.

Вазорати кишвари Белгия рӯзи ҷумъа кушта шудани 20 шаҳрванди Белгия ва ҳамчунин ммафқуд шудани 20 нафари дигар дар ин кишварро таъйид кард.

Сел дар Люксембург, Швейтсария ва Ҳолланд низ хисорот ворид кардааст. Гузориш шудааст, ки ҳазорон нафар аз шаҳри Маастрихти Ҳолланд кӯчонида шудаанд.

Ҳамчунин дар Лондон, пойтахти Бритониё ҷорӣ шудани сел боиси тахлияи хонаҳо ва масдуд шудани марказҳои нақлиётӣ шудааст.

ҚурбониёнЛюксембургселҲолландШвейтсария
Comments (0)
Add Comment