Раисҷумҳури Сурия Башор Асад савганд ёд кард

Ба гузориши Ал Майдин, Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, рӯзи шанбе бо ҳузур дар порлумони ин кишвар муқобили раис ва аъзои ин порлумони ин кишвар савганд ёд кард.

Ба эълони манобеи расонаӣ, дар ин маросим шуморе аз шахсиятҳои сиёсӣ, ҳизбӣ, динӣ, расонаӣ, илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳунарӣ, иҷтимоӣ ва шуморе аз хонаводаҳои шуҳадо ҳузур доштанд.

Башор Асад пас аз адои савганд дар порлумон, суханронӣ кард ва гуфт, миллатҳое, ки роҳи озодиро медонанд, дар масири дифо аз ҳуқуқи худ хаста намешаванд.

Асад афзуд, бархе мехостанд кишварро тақсим кунанд, аммо мардум бо иттиҳоди худ тири халосро ба сӯи пружаҳои онҳо шиллик карданд, мушорикати густардаи мардум дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ низ гувоҳе бар огоҳӣ ва ҳӯшёрии миллӣ бузург аст, таҷрибаи интихобот собит кардааст, ки ин миллат аст, ки ба як давлат машрӯъият мебахшад.

Башор Асад моҳи гузашта бо беш аз 95 дарсади оро дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар пирӯз шуд.

Бо эъломи пирӯзии қотеъи Башор Асад дар интихоботи раёсатҷумҳурии Сурия, мардуми ин кишвар дар шаҳрҳои мухталиф ба хиёбонҳо сарозер шуданд ва ба ҷашну пойкубӣ пардохтанд.

Башор АсадинтихоботсавгандСурия
Comments (0)
Add Comment