Вазири корҳои хориҷии Покистон ба Тоҷикистон омад

Вазири корҳои хориҷии Покистон барои ширкат дар ҷаласаи шӯрои вазирони хориҷии созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе ба Тоҷикистон сафар кард.

Шоҳ Маҳмуд Қурешӣ, вазрири корҳои хориҷии Покистон барои ширкат дар ҷаласаи шӯрои вазирони хориҷии созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе ба Тоҷикистон сафар кард.

Қурешӣ дар ин сафари расмии 3 рӯза дар ҷаласаи шӯрои вазирони хориҷии созмони ҳамкории Шанхай суханронӣ хоҳад кард.

Вай ҳамчунин бо вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Афғонистон, Русия ва Чин мулоқот мекунад.

Вазири корҳои хориҷии Покистон ҳамчунин дар ҷаласаи гуруҳи тамос бо Афғонистон дар Тоҷикистон ширкат хоҳад кард ва дар он дидгоҳҳои Покистон дар мавриди раванди сулҳи Афғонистон, тағйири вазъият дар минтақа ва баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои минтақавиро ироа мекунад.

Қурешӣ дар ҷараёни сафари худ ба Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон ҳам мулоқот мекунад.

Ихтисоси квотаи таҳсилии Покистон барои донишҷӯёни тоҷик

вазирПокистонсафарТоҷикистонШоҳ Маҳмуд Қурешӣ
Comments (0)
Add Comment