Ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи низомии Амрико дар Сурия

Манобеи расонаӣ имрӯз якшанбе аз ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шарқи Сурия хабар доданд .

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Маёдин”, пойгоҳҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, воқеъ дар меҳвари шарқии Сурия имрӯз якшанбе ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт .

Бар асоси ин гузориш, ҳамлаи мазкӯр дар минтақаи нафтии Умар дар шарқи Сурия анҷом шудааст. Нерӯҳои демократик курдҳои Сурия, ки аз ҳимояти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бархурдор ҳастанд , ҳамла ба пойгоҳи низомии онро таъӣд кардаанд .

Ин дар ҳолеаст, ки чанд рӯзи пеш низ пойгоҳи низомии Амрико дар минтақаи нафтии Умар ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта буд .

Дар ҳамин росто, “Фарҳод Шомӣ”, мудири марказии итилооти расонаи нерӯҳои демократики курдҳои Сурия, ҳамлаи паҳподиро мавриди таъйид қарор дода буд .

 

 

Ал-МаёдинАмрикоСурия
Comments (0)
Add Comment