Кушта шудани 4 полис дар Венесуэла тайи даргирӣ бо бондҳои мусаллаҳ

Чаҳор маъмури полиси Венесуэла дар ҷараёни даргирӣ бо бондҳои мусаллаҳ дар Каракас кушта шуданд .

 

 

Ба гузориши расонаҳои Венесуэла, нерӯҳои полиси амалиёӣ алайҳи бондҳои мусаллаҳ дар минтақаи “Кота 905” (Cota 905) дар ғарби Каракас, пойтахти ин кишвар тартиб доданд .

Ба гуфтаи “Кармен Мелндез”, вазири кишвари Венесуэла дар даргириҳои рух дода 4 маъмури полис кушта шуда ва 22 нафар аз аъзои бондҳои мусаллаҳ аз пой даромадаанд .

Кармен Мелндез, ҳамчунин аз маҷрӯҳяти 28 нафар дар ҷараёни даргириҳои мазкӯр хабар дод .

Рӯзи гузашта низ дар даргирӣ миёни нерӯҳои амниятӣ бо аъзои бондҳои мусаллаҳ 5 нафар кушта ва 10 тани дигар аз ҷумла 2 маъмури полис захмӣ шуданд .

 

 

Cota 905ВенесуэлаКаракас
Comments (0)
Add Comment