Кумаки 170 ҳазордолларии ИМА ба амнияти ҳастаии Қирғизистон

Амрико таҷҳизоти шинососии маводи равдиоактив ва қобили ҳамл ба маблағи беш аз 170 ҳазор доллар ба Қирғизистон ҳадия кард.

Сафорати Амрико дар Бишкек ба намояндагӣ аз идораи кашфи амнияти ҳастаии Вазорати энергетикаи Амрико ва боздорандагӣ аз тобиши маводи ҳастаӣ дар маросиме дар Кумитаи давлатии амнияти марзии Қирғизистон, таҷҳизоти шиносии радиоактив ва қобили ҳамл ба маблағи беш аз 170 ҳазор доллат ҳадия кард.

Ин таҷҳизот ба афсарони идораи амнияти миллии марзбонӣ иҷоза медиҳад убури маводи радиоактив аз марзҳои кишварро шиносоӣ ва аз он пешгирӣ кунад.

Дар ин маросим сарҳанг Донёр Сотимов, муовини дабири кулли идораи амнияти миллии марзӣ ва Руслон Буков, муовини раиси бахши ҳамкориҳои байналмилалии идораи амнияти миллии марзӣ ва дигар мақомоти Қирғизистон ба ҳамроҳи Браян Истимлер, кордори сафорати Амрико дар Бишкек ҳузур доштанд.

Истимлер бо ишора ба инки ин ҳамкоӣ нуқтаи хубе дар ҳамкориҳои амниятии ҳастаӣ байни ду кишвар аст афзуд: “Марзҳои амни ҷаҳонро ба макони амнтар табдил мекунад ва ИМА таҳҳуд ба ҳимоят аз Қирғизистон дар нигаҳдорӣ аз марзҳо дар баробари таҳдидҳои ҷаҳонӣ, монанди қочоқи инсон, қочоқи маводи ҳастаӣ, бемориҳои ҳамагири ҷаҳонӣ ва терроризми байналмилалӣ аст.

Ёдоворӣ мешавад, ки ҳамкорӣ байни Амрико ва Қирғизистон барои пешгирӣ аз густариши силоҳҳои ҳастаӣ беш аз 10 сол аст, ки идома дорад.

Дар августи 2008, дар Бишкек як тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни идораи амнияти ҳастаии Вазорати энергетикаи Амрико ва хадамоти гумругии Қирғизистон барои ҳамкорӣ дар заминаи насби системҳои ташхиши зарраҳо баста шуд, ки то соли 2015 теъдоди 16 гузаргоҳи марзӣ такмил шуд.

амнияти марзӣАмрикоКумитаи давлатии амнияти миллӣҚирғизистонҳастаӣ
Comments (0)
Add Comment