Ҳаждаҳ фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни саҳюнистӣ захмӣ шуданд

Низомиёни палиди саҳюнистӣ, бо ҳамла ба таҷаммуъи Фаластиниён дар Каронаи Бохтарии ишғолӣ, 18 нафарро маҷрӯҳ карданд .

 

 

Банно ба эъломи шоҳидони айнӣ, низомиёни палиди саҳюнистӣ, бо истифода аз гулӯлаҳои ҷангӣ, пластикӣ ва гази ашковар ба тазоҳуроти Фаластиниён алайҳи сохит шаҳракҳои яҳудӣ нишин дар манотиқи Наблус, Қалқиля ва Ал-Халили Каронаи Бохтарии ишғолӣ ҳамла бурда ва бо Фаластиниён даргир шуданд .

Дар ҳамин росто, ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Фаластин, тайи баёнияе эълом кард, ки низомиёни саҳюнистӣ дар шаҳраки Битои Наблус 18 Фаластиниро ба зарби гулула захмӣ карданд .

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки даҳҳо фаластинии дигар дар манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ бар асари астншоқи гази ашковар дучори хафагӣ шудаанд .

Гуфтани аст, Фаластиниён тақрибан ҳар рӯз дар эътироз ба шаҳраксозии саҳюнистҳо дар сарзаминҳояшон ва эҳдоси девори ҳоил дар Каронаи Бохтарӣ тазоҳурот баргузор мекунанд ва низомиёни саҳюнистӣ бо истифода аз гулӯлаи ҷангӣ, гулӯлаи пластикӣ ва гази ашковар ба тазоҳуроти фаластиниҳо ҳамла мебаранд .

 

 

Ал-ХалилКаронаи БохтарӣсаҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment