Ҳукми 7 соли зиндон барои узви собиқи ҲДТ ба иттиҳоми бознашри навори мухолифин

Як фаъоли пешини Ҳизби демократро дар вилояти Суғд ба ҳафт сол зиндон маҳкум кардааст.

Бино ба гузориши Радиои Озодӣ, додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Рустам Мамаҷонов, як узви собиқи Ҳизби демократ дар вилояти Суғдро бо иттиҳоми бознашри видеоҳои мухолифин ба 7 соли зиндон маҳкум кардааст.

Рустам Мамаҷонов, ки 59 сол дорад ва  моҳи март боздошту моҳи июн маҳкум шудааст, гуфтааст, ки видеоҳоро нодониста тасодуфан нашр кардааст, вале додгоҳ ин далели ӯро ба инобат нагирифтааст.

Дар маводи парванда гуфта шудааст, ки Мамаҷонов дар охири соли 2019 бо Шарофиддин Гадоев, як намояндаи мухолифин, дар Фейсбук дӯстӣ карда, се навори суханронии ӯ, аз ҷумла ду навори Гадоев дар бораи оилаи президентро бознашр (поделиться) кардааст.

Дар Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои умдаи мухолифин, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ, “Гуруҳи 24” ва Паймони миллӣ мамнӯъ эълон шуда, барои ҳар навъ ҳамкорӣ ё таблиғи онҳо тибқи моддаи 307 ҷазо пешбинӣ шудааст.

Рустам Мамаҷонов дар аввалҳои солҳои 90 як соҳибкори хеле муваффақ ва аз сармоягузорони Ҳизби демократ буд.

Шарофиддин Гадоев, ки Рустам Мамаҷонов барои бознашри суҳбатҳои ӯ зиндонӣ шудааст, мегӯяд, ин фаъоли Ҳизби демократро намешиносад.  Ӯ аз мақомот танқид кард, ки барои тарсондани мунтақидон онҳоро боздошту зиндонӣ мекунанд.

Наворҳои бознашркарда ва шарҳҳои навиштаи Рустам Мамаҷонов аз саҳифаи фейсбукии ӯ ҳоло пок карда шудаанд.

Абдукарим Абдулҳамидов мегӯяд, аз рӯйи қарори додгоҳ шикоят бурда, то охир талош мекунад, бегуноҳии Мамаҷоновро собит кунад.

Солҳои охир дар Тоҷикистон даҳҳо нафар барои гузоштани лайк ё бознашри маводи созмонҳои мамнӯъ зиндонӣ карда шудаанд.

Паймони Миллии ТоҷикистонРустам МамаҷоновҲДТҲизби демократШарофиддин Гадоев
Comments (0)
Add Comment