Ҷанг дар Афғонистон ба дарвозаи шаҳрҳо расидааст

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, имрӯз дар суханоне эълом кард : Ҷанг дар Афғонистон ба дарвозаи шаҳрҳо расидааст.

 

 

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Алҷазира, “Абдуллоҳ Абдуллоҳ”, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, имрӯз чаҳоршанбе дар нишасти кумитаи раҳбарии ин шӯро эълом кард : мо хостори сулҳ ҳастем, аммо ҷанг ба дарвозаи шаҳрҳо расида ва набояд дар баробари он бе тафовут буд .

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, дар ин бора афзуд : Қатар ва Созмони Милал метавонанд ба унвони миёнҷӣ дар ростои пешбурди сулҳ дар Афғонистон нақш офаринӣ кунанд .

Ба гузориши манобеи хабарӣ, аз як тараф даври ҷадиди музокирот байни афоғонҳо дар “Доҳа” пойтахти Қатар идома дорад ва аз тарафи дигар даргирии гурӯҳи Толибон бо нерӯҳои амниятӣ дар саросари Афғонистон афзоиш ёфтааст .

Ин дар ҳолест, ки бо оғози хуруҷи ишғолгарони хориҷӣ ба саркардагии террористҳои амрикоӣ аз Афғонистон, Вашингтон дар талош аст то аз афзоиши ноамнӣ дар ин кишвар ба унвони баҳонае барои сӯиистифода баҳра бардорӣ кунад .

 

Абдуллоҳ АбдуллоҳАмрикоАфғонистонВашингтонДоҳа
Comments (0)
Add Comment