Ҳушдори  “Ҳамос” ба режими саҳюнистӣ дар бораи тадовуми ҳамалот ба “Шайх Ҷарроҳ”

Узви аршади Ҷумбиши Муқовимати Исломии "Ҳамос" ба режими саҳюнистӣ дарбораи тадовуми ҳамалоти таҷовузкорона ба минтақаи "Шайх Ҷарроҳ",  дар Қудси ишғолӣ ҳушдор дод .

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Аҳд”, “Муҳаммад Ҳамода”, узви аршади Ҷумбиши Муқовимати Исломии “Ҳамос”, суханонеро дар хусуси таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба минтақаи Шайх Ҷарроҳ дар Қудси ишғолӣ матраҳ кард .

Бар асоси ин гузориш, вай дар ин хусус гуфт : мо ба ишғолгарони саҳюнист дарбораи авоқиби боз гузоштани дасти гурӯҳҳои шаҳрак нишин ба Фаластиниён дар минтақаи Шайх Ҷарроҳ ҳушдор медиҳем . Низомиёни режими саҳюнистӣ ва шаҳрак нишинон ҳаққи таҷовуз ба Шайх Ҷарроҳро надоранд .

Муҳаммад Ҳамода, дар идома афзуд : шаҳрак нишинони саҳюнист бо ҳимоят ва чароғи сабзи низомиёни ин режим муртакиби таҷовуз алайҳи сокинони Шайх Ҷарроҳ мешаванд . Агар ин иқдомот идома пайдо кунад шоҳиди вуқуъи интифозаи ҷадид хоҳем буд .

Гуфтани аст, ба дунболи даргириҳои ахир миёни саҳюнистҳо ва Фаластиниён дар Шайх Ҷарроҳ воқеъ дар Қудси ишғолӣ, 20 шаҳрванди фаластинӣ ба шиддат захмӣ шуданд . Гурӯҳҳои муқовимат ба саҳюнистҳо дарбораи тадовуми иқдомоти таҷовузкорона  дар Шайх Ҷарроҳ ҳушдор додаанд .

 

 

Ал-АҳдҚудси ишғолӣҲамосШайх Ҷарроҳ
Comments (0)
Add Comment