Мулоқоти миллионери тоҷик бо вазири меҳнат

Дар ин мулоқот роҳҳои тайёр кардани кадрҳои коргарии мутобиқ ба бозори меҳнати байналмилалӣ, роҳҳои ҷалб намудани ҷавонон ба тиҷорат ва таёр намудани заминаҳои ҷойҳои корӣ баррасӣ шуд.

Ширин амонзода, вазири меҳнат ва Саидмурод Давлатов, миллионер ва соҳибкори шинохтаи ва машваратчии соҳаи тиҷорату иқтисод мулоқот карданд.

Ба гузориши Вазорати меҳнат, “Зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ, махсусан омӯзгорон аз хориҷи кишвар ҷиҳати роҳандозии фаъолияти мактаби Оксфорд дар шаҳри Хуҷанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд”.

Дар ин мулоқот масъалаи тайёр кардани кадрҳои коргарии мутобиқ ба бозори меҳнати байналмилалӣ, роҳҳои ҷалб намудани ҷавонон ба тиҷорат ва муҳайё намудани заминаҳои ҷойҳои корӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Соҳибкори тоҷик зимни дидор бо вазир қайд кардааст, ки рушд ёфани соҳибкорӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ сабаб гардида, барои ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва рушди иқтисоди миллӣ заминаи асосиро фароҳам меорад.

вазирмулоқотСаидмурод ДавлатовШирин Амонзода
Comments (0)
Add Comment