Паёми табрики Раҳмон ба раисҷумҳури мунтахаби ҶИЭ

Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам ҳамтои нави худ Сайид Иброҳим Раисиро шодбош кард.

Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам ҳамтои нави худ Сайид Иброҳим Раисиро шодбош кард.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме, интихоби Сайид Иброҳим Раисиро ба унвони ҳаштумин раиси мунтахаби Ҷумҳурии исломии Эрон, табрик гуфт.

Манти паёми Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Сайид Иброҳим Раисӣ, раиси тозаинтихоби Ҷумҳурии исломии Эрон чунин аст:

Ҷаноби Олӣ,

Ба Шумо табрикот ва таманниёти неки хешро ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз менамоям.

Тоҷикистон ва Эронро арзишҳои безаволи фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд.

Дар зимн, мо ҳамеша хоҳони таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямон, бар асоси усули ҳусни тафоҳум, некхоҳӣ ва эътимоди холисона ҳастем.

Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъулатон дар маснади олии раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзу дорам.

Бо эҳтиром

Эмомалӣ Раҳмон

Ба олиҷаноб Сайид Иброҳим Раисӣ

Раиси тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон

Интихоботи президентӣ дар Эрон ба рағми тамоми коршиканиҳои расонаҳои дохилӣ ва хоилии вобаста ба ғарбу бегонагон дар ҷИЭ, рӯзи ҷумъа баргузор шуд. Дар ин интихобо Сайид Иброҳим Раисӣ 62% овозҳоро ба даст овард ва президенти Эрон эълон гардид.

интихоботи президентӣСайид Иброҳим РаисӣТоҷикистонЭмомалӣ РаҳмонЭрон
Comments (0)
Add Comment