Паёми табрики Мирзиёев ба президенти нави Эрон

Президенти Узбекистон бо ирсоли паёме пирӯзии раисҷумҳри мунтахаби Эронро табрик гуфт.

Президенти Узбекистон, Шавкат Мирзиёев Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури нави Эронро бо интихоб шуданаш ба маснади президентӣ табрик гуфт.

Президенти Узбекистон изҳори итминон кард, ки ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар ба манфиати мардуми Узбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон минбаъд ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Интихоботи президентӣ дар Эрон рӯзи ҷумъа баргузор шуд. Сайид Иброҳими Раисӣ 61% овозҳоро ба даст овард ва президенти Эрон эълон гардид.

Сайид Иброҳими РаисӣУзбекистонШавкат МирзиёевЭрон
Comments (0)
Add Comment