Суқути маргбори ҳавопаймо дар Сибир 7 кушта боқӣ гузошт

Соате пеш дар пайи суқйти як ҳавопаймои ду матораи "Let-410", дар яке аз устонҳои Русия дар ҷануби ғарбии Сибир, дасти кам ҳафт нафар кушта шуданд .

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар пайи суқути як ҳавопаймои ду матораи “Let-410”, дар устони “Камроваи” Русия воқеъ дар ҷануби ғарбии Сибер, дасти кам ҳафт нафар ҷони худро аз даст доданд ва 15 нафар низ захмӣ шуданд .

Шабакаи русии “Роша Тудей”, дар ин хусус гузориш кард, гузоришҳои аввалия ҳокӣ аз онаст, ки дасти кам 22 нафар дар ҳавопаймои фавқ савор буданд, ки дар ҳангоми фуруди изтирорӣ дар ҷануби ғарбии Сибир суқӯт кард .

Тибқи ин гузориш, ҳавопаймои мазкур ба далели аз кор афтодани яке аз маторҳояш суқут кард ва зоҳиран халабон пас аз огоҳӣ аз мушкил тасмим ба фуруди изтирорӣ мегирад .

Манобеи маҳаллӣ эълом карданд, ки ҳавопаймои “Let-410”, ҳомили гурӯҳе аз чатрбозон будааст ва дар маҷмӯъ 15 нафар захмӣ шуданд, ки вазъияти ҷисмонии яке аз онҳо вахим аст .

Дар паийи вуқуъи ин ҳодиса, як болгарди имдод барои интиқоли захмиҳо ба бемористон ба маҳали суқути ҳавопаймо фиристода шуд .

Гузоришҳои хабарӣ ба нақл аз созмонҳои имдод ва наҷоти маҳаллӣ, ҳодисаи суқут ҳудуди зуҳри имрӯз (шанбе) ба вақти маҳаллӣ дар як нишебии лижаронӣ рух додааст .

 

"Let-410"КамроваРоша ТудейРусияСибир
Comments (0)
Add Comment