Паёми табрики Путин ба президенти нави Эрон

Президенти Русия дар паёме пирузии ҷаноби Иброҳими Раисӣ дар интихоботи раёсатҷумҳрии Эронро табрик гуфт.

Президенти Русия, Владимир Путин дар паёме интихоб шудани ҷаноби Иброҳими Раисӣ ба унвони президенти нави Эронро табрик гуфт.

Паёми табрик:

Муҳтарам ҷаноби Сайид Иброҳими Раисӣ

Президенти мунтахаби Ҷумҳурии Исломии Эрон

Лутфан табрикоти самимонаи маро ба муносибати ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шуданатон қабул кунед.

Муносибатҳои байни кишварҳои мо аз қадим дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ мебошад.

Умедворам, ки фаолияти ҷаноби олӣ дар ин мақоми олӣ ба тавсеаи бештари ҳамкории дуҷонибаи созанда дар соҳаҳои гуногун ва ҳамчунин таомули мушорикатӣ дар умури байналмилалӣ кумак кунад, Ин масъала комилан ба манфиати миллатҳои Русия ва Эрон аст Ва дар масири таҳкими амният ва суботи минтақавӣ пеш меравад.

Ба шумо муваффақиятҳо инчунин тандурустӣ ва некӯаҳволӣ мехоҳам.

Бо эҳтиром, Владимир Путин

интихоботпрезидентӣПутинРусияСайид Иброҳими РаисӣЭрон
Comments (0)
Add Comment