Натиҷаи аввалияи интихоботи президентӣ дар Эрон; Раисӣ дар ҷойгоҳи нахуст

Бар асоси натиҷаи аввалияи интихоботи президентӣ дар Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ бо қудрат пештози рақобатҳои интихоботӣ аст.

Ба нақл аз расонаҳои хабарӣ дар Эрон, Бар асоси натиҷаи аввалияи интихоботи президентӣ дар Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ дар ҷойгоҳи якум қарор дорад.

Натиҷаи ғайриниҳоии эълоншуда аз ҷониби Ситоди интихоботи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шарҳи зер аст:

Сайид Иброҳими Раисӣ – раиси қувваи қазоии ҶИЭ: 17 миллиону 800 ҳазор раъй
Муҳсини Ризоӣ – дабири Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми ҶИЭ: 3 миллиону 300 ҳазор раъй
Абдуносири Ҳимматӣ – раиси Банки Марказии ҶИЭ то оғози замони рақобатҳои интихоботӣ: 2 миллиону 400 ҳазор раъй
Сайид Қозизодаи Ҳошимӣ – намояндаи Маҷлиси Шурои Исломӣ: 1 миллион раъй

Албатта ин натиҷаи ниҳоӣ нест, аммо бо таваҷҷӯҳ ба шумориши беш аз 80 дарсадии раъйи мардум Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси бахши қазоии Эрон , раисиҷумҳури ояндаи ин кишвар хоҳад буд.

Ҳоло шумориши раъйҳои мардум идома дорад ва дар ниҳоят вазири кишвари Эрон дар маросими расмӣ, раисҷумҳури ояндаи ҶИЭ-ро эълон хоҳад намуд.

Гуфтанӣ аст, ки теъдоди зиёде аз мақомот аз ҷумла се номзади дигари интихоботи президентӣ ва Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури феълии кишвар ба Сайид Иброҳими Раисӣ (пеш аз эълони натиҷаи расмӣ) табрик гуфтаанд.

Қайд карда мешавад, ки интихоботи президентии ҶИЭ рӯзи гузшата ба рағми тамоми кӯшишҳои расонаҳои вобаста ба бегонагону ғарб барои таҳрими интихобот ва камранг камранг кардани ҳузури мардум бо ширкати миллионии миллати Эрон баргузор гардид ва натиҷаи расмӣ ва ниҳоии он ба зудӣ эълон хоҳад шуд.

интихоботи президентӣинтихоботи ЭронСайид Иброҳими Раисӣ
Comments (0)
Add Comment