Низомиёни режими саҳюнистӣ моҳи гузашта 3100 Фаластиниро боздошт карданд

Низомиёни режими палиди саҳюнистӣ тайи моҳи майи имсол 3100 фаластинӣ аз ҷумла 471 кӯдак ва 42 занро боздошт кардаанд .

 

 

Ҳайати умури усаро ва озодагон, бошгоҳи Усарои фаластинӣ, муассисаи ҳимоят аз Усаро ва Ҳуқуқи башари “Аззамир” ва маркази иттилооти Вади Ҳалвои Фаластин дар баёнияи муштараке эълом карданд : низомиёни режими палиди саҳюнистӣ дар моҳи майи имсол 3100 тан аз ҷумла 471 кӯдак ва навҷавон ва 42 занро дар манотиқи мухталифи Фаластин боздошт кардаанд .

Бад-ин тартиби шумори усарои фаластинӣ то авохири моҳи майи гузашта ба ҳудуди 5300 нафар аз ҷумла 250 кӯдак ва навҷавон ва 40 зан расида ва аз ин теъдод ҳудуди 520 нафар мавриди боздошти идорӣ қарор гирифтаанд » .

Режими палиди саҳюнистӣ, дар чорчуби қонуни боздошти идорӣ метавонанд Фаластиниҳоро бидуни ироаи ҳеч санаду мадраке, ҳатто бидуни тарҳи иттиҳоми мушаххас то панҷ сол зиндонӣ кунанд .

Низомиёни режими палиди саҳюнистӣ, ҳама рӯза ба баҳонаҳои мухталиф ба хонаҳои Фаластиниён дар Қудси ишғолӣ ва Каронаи Бохтарӣ ҳамла бурда ва ононро боздошт мекунанд .

 

 

Каронаи БохтарӣҚудси ишғолӣРежими саҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment