Се фаластинӣ тавассути низомиёни режими саҳюнистӣ дар Қудс боздошт шуданд

Низомиёни плиди режими саҳюнистӣ, бо ҳамла ба таҷаммуъи Фаластиниён дар Қудси ишғолӣ 3 нафар аз онҳоро боздошт карданд .

 

 

Бинобар эъломи шоҳидони айнӣ, нерӯҳои вижаи режими саҳюнистӣ ба номи “Ал-Мустаърибин”, бо ҳамла ба таҷаммуъи Фаластиниён дар шаҳраки Ал-Тури Қудси ишғолӣ 3 нафар аз онҳоро боздошт карданд .

Бар ин асос, низомиёни режими саҳюнистӣ, низ ба ин шаҳрак бо истифода аз бомби савтӣ ҳамла бурданд .

Бар асоси гузориши бошгоҳи Усарои фаластинӣ, ҳудуди 4400 нафар аз Фаластиниён аз ҷумла 155 кӯдак ва навҷавон ва 39 зан дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ ба сар мебаранд, ки ҳудуди 500 нафар аз онҳо дар чорчуби қонунӣ боздошти идорӣ зиндонӣ ҳастанд .

Режими кӯдак куши саҳюнситӣ, дар чорчуби қонуни боздошти идорӣ, фаластиниҳоро бидуни ироаи ҳеч санаду мадраке, ҳатто бидуни тарҳи иттиҳоми мушаххас то панҷ сол зиндонӣ мекунад .

 

Ал-МустаърибинҚудсРежими саҳюнистӣФаластинФаластиниён
Comments (0)
Add Comment