Захмӣ шудани 300 фаластинӣ дар даргириҳои Каронаи Бохтарӣ

Расонаҳои Фаластинӣ аз захмӣ шудани 300 нафар аз шаҳрвандони фаластинӣ дар даргириҳои рӯзи гузаштаи Каронаи Бохтарӣ хабар доданд .

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Фаластин Ал-Явм”, рӯзи ҷумъа бархе шаҳрҳои Каронаи Бохтарӣ аз ҷумла Наблус ва Қудс саҳнаи даргирии фаластиниён бо ишғолгарони режими палиди саҳюнистӣ буд .

Дар ин даргириҳо наздик ба 300 фаластинӣ захмӣ шуданд . Маркази аслии даргириҳо шаҳракҳои Бита ва Байт Дуҷин дар наздикии шаҳр Наблус буд .

Ин даргириҳо пас аз он ба вуқуъ пайваст, ки низомиёни режими палиди саҳюнистӣ ба роҳпаймоиҳои мусолиматомези фаластиниён алайҳи шаҳраксозӣ дар ҷануби Наблус, шарқи Қалқалия ва ғарби Ромуллоҳ ҳамла карданд .

Низомиёни режими кӯдак куши саҳюнистӣ,  дар даргирӣ бо фаластиниён аз гулула ва гази ашковар барои саркуби мардуми мазлум истифода карданд .

 

 

ҒаззаКаронаи БохтарӣНавори ҒаззаРомуллоҳФаластин
Comments (0)
Add Comment