Башор Асад бори дигар пирӯз шуд

Башор Асад, президенти кунунии Сурия, бо аксарияти мутлақи овозҳо президенти нави ин кишвар барои як давраи ҳафтсолаи дигар интихоб шуд.

Ҳамуда Саббоғ, раиси парлумони Сурия дар як нишасти хабарӣ дар Димишқ бо эълони натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентии Сурия гуфт: “Президент Башор Асад 13 540 890 яъне муодили 95,1% овоз гирифт ва ба ҳайси президенти нав барои як давраи ҳафтсола интихоб шуд”.

Раиси парлумони Сурия инчунин эълом дошт, ки Маҳмуд Маръи ва Абдуллоҳ Салум Абдуллоҳ, ду рақиби Башор Асад дар интихоботи президентӣ ба тартиб 3,3 ва 1,5 фоизи овозҳоро ба даст овардаанд.

Ба гуфтаи раиси парлумони Сурия, дар ин даври интихобот 14 миллиону 239 ҳазору 140 нафар, ё 78% ширкат карданд.

Дар ин муддат беш аз 18 миллион суриягӣ ҳаққи овоздеҳӣ доштанд ва онҳое, ки синнашон ба 18 расидааст, метавонистанд саҳми худро дар раъйдеҳӣ боқӣ гузоранд.

Интихоботи президентии Сурия рӯзи чоршанбе (5 июн) бо иштироки хубу бошукукӯҳ ва озоданани шаҳрвандони Сурия ва бо рақобати президенти Сурия Башор Асад ва Маҳмуд Аҳмад Маръи, як оппозисиюни дохилӣ ва Абдуллоҳ Салум Абдуллоҳ, узви сотсиалистҳо дар оромиши комил ва бидуни мушкилоти амниятӣ баргузор шуд.

Башор Асадинтихоботи президентӣСурия
Comments (0)
Add Comment