Рӯй оварндани 40 дарсадии андозсупорандаҳо ба пардохти онлайнӣ

Ҳудуди 40 дарсади андозсупорандаҳо дар Тоҷикистон ба усули онлайнии пардохти молиёт рӯй овардаанд.

Ба нақл аз Озодӣ, бо истинод ба Кумитаи андоз, беш аз 140 ҳазор андозсупоранда эъломияҳои худро тавассути интернет месупоранд. Шумораи умумии андозсупорандагон дар Тоҷикистон, ба маълумоти соли 2020, 326 ҳазор нафар аст.

Пештар соҳибкорон, масъулони ширкатҳо ва ё созмонҳо барои супурдани эъломияҳо ҳар моҳ ба идораи андоз мерафтанд ва соатҳо мунтазир мемонданд, то нозир санади онҳоро қабул кунад ва бар асоси он молиёт диҳанд.

Дар Кумитаи андози Тоҷикистон дар аввали моҳи май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки айни замон барои сокинон 56 навъи хидматрасониҳои онлайниро фароҳам овардаанд. Аз ҷумла, сокинони Тоҷикистон метавонанд, сабти номи фаъолияти соҳибкорӣ, гирифтани патенту шаҳодатнома, ҳисоб ва пардохти андозҳо, фаҳмидани миқдори қарзи андоз ва тартиб додани санади муқоисавиро онлайн анҷом диҳанд.

Тоҷикистон дар ҳоле ба ислоҳоти шеваи ситондани андоз даст задааст, ки созмонҳои байналмилалии молӣ батакрор ба ҷумҳурӣ чунин тавсия медоданд ва барои роҳандозии ислоҳот маблағҳои ҳангуфте ҳам ҷудо карданд.

Бонки Ҷаҳонӣ аз соли 2013 дар Тоҷикистон барномаи “Беҳтар кардани мудирияти андозситонӣ”-ро рӯи даст гирифт ва барои ҷорӣ кардани чунин ислоҳот ба кишвар 18 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашт дод.

Кумитаи андозТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment