Густариши равобит мавзуи мулоқоти мақомоти Тоҷикистон ва Эрон

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафири Эрон дар Душанбе дар мулоқот бо ҳамдигар густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Шарафшери Ализода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе мулоқот карданд.

Дар ин дидор ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, ҷазби сармоягузор ва фаъолиятҳои бонкӣ баҳсу баррасӣ шуд.

Ҳамчунин ду тараф дар идома омодагии худро барои ҳамкории бештар эълом карданд.

Мулоқот мақомоти Тоҷикистон ва Эрон дар Душанбе баргузор шуд.

ДушанберавобитТоҷикистонЭрон
Comments (0)
Add Comment