Ҳимояти раиси ҷумҳури Амрико аз ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар гуфтугӯи телефонӣ бо Бенёмин Нетанёҳу бори дигар бар мавзеъи Вашингтон дар ҳимоят аз ончӣ, ки ҳақи Исроил барои дифо аз худ  дар баробари ҳамалоти мушакии муқовимати Фаластин хонд, таъкид кард .

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Расия-Ал-Явм”, “Ҷо Байден” дар тамоси телефонӣ бо “Бенёмин Нетанёҳу”, нахуст вазири палиди режими саҳюнистӣ, бори дигар аз ҳамалоти ваҳшиёнаи ин режими кӯдак куш алайҳи Фаластиниён ба вижа дар Навори Ғазза ҳимоят кард!

Бар асоси эъломи Кохи Сифед,  Байден дар гуфтугӯ бо нахуст вазири режими ишғолгари Қудс бори дигар мавзеи Вашингтон дар ҳимоят аз ончӣ ки ҳақи ин режим(!) барои дифо аз худ дар баробари ҳамалоти мушакии муқовимати Фаластин хонда мешавад, ба сароҳат эълом кард .

Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин дар идома зимни ишора ба истиқбол Вашингтон аз шаклгирии оташ бас миёни ду тараф бар лузуми мубориза бо хушунат ва нажодпарастӣ дар Қудс ва бозгашти оромиш ба ин шаҳри ишғолӣ таъкид кард .

Ду тараф дар поёни ин гуфтугӯ дар бораи роҳкорҳои мутаваққиф кардани ҳамалоти Ҳамос ва дигари гурӯҳҳои муқовимат ба арозии ишғолӣ ва ҳамчунин тақвияти ҳамкорӣ миёни Вашингтон ва Қоҳира дар ростои таваққуфи даргириҳо дар Фаластини ишғолӣ ройзанӣ карданд .

 

 

АмрикоБенёмин НетанёҳуВашингтонҒаззаҚудсРасия-Ал-ЯвмҲамос
Comments (0)
Add Comment